Аз таърихи омузиши илмии мафхуми маданият

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 10 Марта 2013 в 13:15, реферат

Описание

Миср хамчун кадимтарин маркази тамаддуни чахони. Маданияти Байнаннахрайн. Тамаддуни Хиндустон ва Хитои Кадим.

Работа состоит из  1 файл

Аз таърихи омузиши илмии мафхуми маданият.docx

— 42.37 Кб (Скачать документ)

Накша:

 

  1. Миср хамчун кадимтарин маркази тамаддуни чахони.
  2. Маданияти Байнаннахрайн.
  3. Тамаддуни Хиндустон ва Хитои Кадим.

 

Аз таърихи омузиши илмии мафхуми маданият

 

Маданият мисли дигар масоили умумифалсафи таърихи худро дорад. Лекин дар ин чр бояд таърихи тасаввуротро оид ба маданият аз таърихи худи маданият фарк, кард. Чунки решахои маданият дар даврахои хеле кадими пайдоиши инсон ба назар расад хам, лекин даррав дар шуури онхо айнан инъикос намеёбад. Ии факат дар зинаи баланди таравкиёти мадании инсоният ба даст меояд.

Маълум аст, ки мафхуми маданият аз чихати назарияви дар асри XVIII дарку тасвир шудааст. Лекин феномени маданият якчоя  пайдоиши чамъияти иисони ба вучуд омадааст. Барои хамин хам таърихи мафхуми маданиятро аз ходисаи инъикоскунандаи он бояд фарк, кард. Хануз файласуфони Юнони Кадим ба ин масъала таваччухи хоса пайдо карда буданд. Лекин онхо ба таври умуми назарияхои худро баён намудаанд ва тахлили илмии ин мафхум дар замони атика мушохида намешавад. Дар фалсафаи Шарк, низ масоиле, ки дар мафхуми маданият чой дорад, истифода шудааст. Масалан, масъалаи ахлок, ки чавхари хама гуна арзишхоро дар хамаи давру замом ташкил медихад, дар «Авесто»-китоби мукаддаси зардуштиён, «Трипитака»-китоби мукаддаси буддоиён, «Ведо»-сарчашмаи динию маънавии индуёни кадим, хеле хуб инъикос гардидааст.

Омузиши мунтазами илмии мафхуми маданият дар асрхри XVII-XVIII огоз меёбад. Гуфтан чоиз аст, ки аввалин маротиба калимаи «культур»-ро Ситсерон Марк Туллий (с. 106-40 то мелод)-сиёсатмадор ва воизи Рим истифода бурдааст. Вай чихати асосиро пар инкишофи кобилияти маънавии инсон, дар фалсафа мебинад, ки онро асоси хушгуфтори мешуморад. Фахмиши маданият дар Ситсерон тобиши ичтимоию сиёси дорад, ки вазифахои ичтимоию граждани ва ахлокии инсонро дар назди давлат асоснок менамояд.

К.  Татсит маданияти  кабилахои  германи  варвархоро (вахшихо) тасвир намуда, бартарии шакли маданияти Римиро, пеш аз хама дар вучуд доштани давлатдори, шароити хуби хастии нсони мебинад. Тахминан чунин тасаввурот оид ба маданият ва таърихи он дар байни олимони Шарк  ва умуман шаркиён вучуд дорад.

Онхо маданияти «худи» ва «бегона»-ро мукобил гузошта, (Вайнберг, ИП) таъсири маданияти бегонаро инъикос намекарданд.

Аввалин кушиши таърифи маданият аз чониби Э.Тейлор-этнографи англис соли 1870 сурат гирифт. У яке аз мухдадикони маданияти замони чамъияти ибтидои буд, ки пайдоиши маданияти модди ва маънавии одамони ибтидоиро хеле хуб тасвир намудааст. Дар асрхои миёна маданият камолоти шахси ва хусусан камолоти динии шахсро ифода мекард. Дар замони Ренессанси (эхё) гарби такомули мадани гуфта, ба тояи башардусти мувофик, омадани атвору аъмоли инсонро мефахмидаид. Ба андешаи олими франсави Мишел Мантсн таракдии хамаи пахлухои маданият натичаи рушду такмили ахлокии инсон аст.

Барои файласуфони асри XVII (Р.Декарт, Б.Спиноза) мустакилият ва озоди факат ба махлуки дорои акд хос аст, ки вай кобилияти идроки назарияви дорад. Ин сархаде аст, ки инсонро аз дунёи дигар чудо мекунад, яъне сархади худи маданият. Бояд гуфт, ки доир ба маданият таърифоти натуралисти ва идеалиста вучуд дорад. Натурализм маданиятро ба яке аз зинахои зволютсияи табиат табдил медихад. Аз ин бармеояд, ки маданият боз як шакли харакати материя, дар катори дигар шаклхои он мебошад. Намояндагони таърифоти натурализм В.Ф. Асмус, И.Г. Гердер ва гайра мебошанд.

Олимони рус низ дар тавсифи категорияхои маданият сахми босазо гузоштаанд. Маркоряп Э.С. нишондоди мухими методологиро пешниход намудааст: «Маданият баробари мушкил будани структураи худ ва гуногун будани таркибаш бояд чун як чизи умум ва дорои ягонагии дохили тасаввур карда шавад». В.М. Межуев мегуяд, ки маданият ин тараккиёти худи инсон аст. Вай неъматхои модди ва маънавиро ба вучуд оварда, худашро инкишоф медихад. Умуман дар зери мафхуми маданият чи бояд фахмида шавад. Доир ба ин масъала олимон ба як фикри умум наомадаанд. Барои хамин хам олимони америкои К. Клаксон ва А. Кретер хануз якуним аср пеш, 164 маънидодкунихои мафхуми маданиятро муайян намудаанд. Холо бошад, зиёда аз 300 маънидодкунихои ин мафхум вучуд дорад. Яке аз чунин маънидодкуни дар илми маданиятшиносии имруза истифода шудааст: «Маданият ин амалиёти фаъолонаи эчодии инсон дар сохаи истехсолоти модди ва маънави бахои аз худ намудани чахон аст».

 

Мафхуми маданият. Маданият хамчун олами маънавии инсон

 

Маданиятшиноси мафхуми маданиятро хамчун ифодакунандаи мохияти хастии инсон ва татбики фаъолияти эчодии у истифода мебарад. Дар ин чо ду чизро бояд фарк кард. Аввал, хамчун чузъи чудонашавандаи кобилияти иисон. Дуюм дарки тадбики ичтимоии озоди. Бидуни аввал маданият умуман пайдо намешавад, лекин дуюмин дар давраи нисбатан баъдинаи инкишофи он ба даст меояд.

Мафхуми маданият муносибати хамачонибаи инсонро ба чахон инъикос менамояд, ки бо воситаи он инсон, чахон ва шахсияти худро меофарад. Маданияти гуногунро омухта мо на танхо китобхо, макбарахо, бозёфтхои бостоншиносиро меомузем балки  барои худ дигар чахони  инсони, ки дар он мардумон зиндаги карда, дигар хел хиссиёт доштанд, дарк менамоем.

Дар ин чо саволе пайдо мешавад: «Чи хел муносибати хамачонибаи инсон ба чахон таъмин мегардад?» Чавоб додан ба ин   савол ин  характеристикаи   маданият   хамчун   предмети маданиятшиносиро нишон медихад. Муносибати инсон ба чахон бо мохияти мазмуни муайян мегардад. Агар предмет мазмун надошта бошад, вай барои инсон вучуд надорад. Мохият-ин Мазмуни хастии инсон аст (аз он чумла, хастии дохили), ки роли махсусро ичро мекунад. Лекин мохиятро аз ахамият бояд фарк, кард. Масалан, яке аз мухимтарин мохият «орзуи ишк»-хеч, гох образи предметии ягон инсонро муайян наменамояд (он вакт хар яки мо пешаки медонистем, ки киро дуст медорем). Мохияти асли на факат ба акл равона шудааст, балки ба хиссиёти нозуктарин ва чукуртарини рухии инсони ва ирода мансуб аст. Хамаи ин мохиятхо ахамияти умум доранд, зеро ки одамони бисёрро муттахид намуда, асоси фикру хиссиёти онхо мегардад. Махз чунин мохиятхо маданиятро ба вучуд меоваранд.

Инсон чахонро бо мохиятхо пур мекунад ва дунё барои у дap ахамияти универсалии инсони баромад мекунад. Чпхони дигар бошад ба инсон лозим нест. Н.А. Мешерякова ду шакл ё намуди базиси муносибати арзишхоро муайян намудааст. Чахон барои инсон «худи» ва «бетона» шуданаш мумкин. Маданият тарзи упиверсалие мебошад, ки бо воситаи он инсон чахонро «худи» менамояд ва онро ба хонаи хастии инсон мубаддал менамояд. Хатто ситорахои осмони ва каъри укёнус ба маданият мансуб аст, барои он, ки ба онхо зарраи рухияи инсони дода шудааст ва дар онхо мохияти инсони чой дорад. Агар чунин мохият намешуд, инсон ба осмони ситорахо назар намекард, шоирон шеърхр наменавиштанд, олимон бошад, тамоми хастии худро барои омузиши табиат сарф намекарданд ва кашфиёти бузург руй намедод. Фикри назарияви даррав пайдо намегардад. Барои он, ки вай пайдо шавад, бояд шавку хиссиёти инсон ба сирру асрори чахон чой дошта бошад ва нисбати асрори хасти хайрони пайдо гардад. Бесабаб нест, ки Платон чунин гуфта буд: «Шуур аз хайрони cap мешавад. Лекин дар он чое, ки мафхумхои мадани нест, инчуиин шавку хайрони вучуд надорад».

Аз ин чо чунин таърифи маданиятро хосил кардан мумкин аст: «Маданият ин шакли универсалии фаъолияти худмуайянкунии инсон бо тарзи тасаввури мафхумхо, кушиши кушодак ва тасдик, намудани мохияти хаёти инсони дар мутаносибии вай бо мохияти асли».  Дигар хел карда гуем, маданият дарачаи муайяни тараккиёти чамъиятро инъикос менамояд, ки дар намуд ва шаклхои ташкили хаёт, фаъолиятмандии одамон ва дар сарватхои модди ва маънавии онхо зохир мегардад.

Агар мафхумхои «маданият», «култура» ва «фарханг»-ро дар як катор гузорем, маънохои тафту лафзии онхо аз хамдигар фарк, менамояд. Лекин мохияти асли барои инъикоси як матлаб равона карда мешавад. Калимаи «култура» лотинист, ки маънои коркардабарои, тараккиёт, тарбияро дорад. Калимаи «маданият» бошад, аз забони араби маънои шахрдори, сокини шахрро дорост, Мафхуми «фарханг» аз забони форсии миёна дорои маънохои гуногун ба мисли китоби лугат, тадбир, санчидаи, илму фазл, донишу акд ва одоб мебошад.

Аз ин чо таърифоти гуногуни мафхуми маданият чой дорад, ки хар яки он бо ин ё он тарз маънои васеи онро кушода медихад.

Сохтори маданият. Мафхумхои маданияги милли, маданияти этники ва маданияти чахни.

Аз маънидодкунии мафхуми маданият бармеояд, ки он аз ду крем иборат аст: модди ва маънави. Агар дар давраи чамъияти ибтидои ин ду бахши маданият дар заминаи хеле соддаи шуур ва мехнат асос ёфта, бо хам омехта бошанд, баъдтар дар натичаи амали гардидани таксимоти чамъиятии мехнат ва аз мехнати чисмони чудо шудаи мехнати фикри фаркият байни онхо ба вучуд омадааст.

Маданияти модди ин махсули мехнати чисмони, маданияти маънави бошад, махсули мехнати фикрии инсонро инъикос менамояд.

Ин ду сохтори маданият, бо якдигар муносибатхои гуногун доранд. Масалан, муносибати тобеи, функсионали, муносибати сабаб ва натича, муносибати баробаркунанда ва гаира. Аз ин ру, маданияти модди ва маънави хеч гох, аз хам чудо ва худ ба худ мустаким вучуд надоранд. Асосан дастовардхои маданият дар ду шакл ё бо ду тарз зохир мешаванд: ашёи   ва ахбори.

Намунахои маданияти модди аслан дорои шаклу сурат буда, дидашавандаанд. Намунахои маънави низ шакл дошта бошанд хам (мисли китоб, мусавварахо), аммо дар як холат онхо бисёрнусха мешаванд ва дар холати дигар ба хиссиёти ботинии инсон таъсир расонда, дар онхо хиссиёти шоди, гаму андух, ва ноумедиро ангезиш медиханд. Офаридахои маънавиёт аз насл ба насл гузашта, на танхо мардумро ба гузашта мепайвандад, балки пояи асосии худшиноси мегарданд. Шаклхои асосии маданияти миънави, ки дар онхо маънии хастии инсон инъикос мегарданд, чунинанд:

А) Асотир шакли ибтидоии таърихии маданият аст, ки бо воситаи он   хаётии рухиявии инсон муайян карда мешавад.

Б) Дин як шакли шуури чамъияти, муайянкунандаи хастии инсон бо воситаи дарку шинохтани Худо ва куввахои фавкуттабии.

В) Ахлок  чун худидоракунии дохили дар шароити озоди ба вучуд омадааст. Карз, вичдон, номус ва дигар муайянкунандахои ахлок, чой доранд.

Г) Санъат - ин инъикоси талаботи инсон дар образхои символики

(рамзи) ва эхсосоти лахзахои мухими хаёт.

Д) Фалсафа - хирадро дар шакли фикр инъикос мекунад. Аз ин чо  маънои лугавии он мухаббат ба хирад аст. Агар бо суханхои  Гегел гуем, фалсафа рухи назариявии маданият аст.

Е) Илм - максади дигаркунии ратсионалии чахонро дар асоси . дарки конуниятхои мухими он мегузарад. Илм бо фалсафа зич алокаманд аст, зеро он асоси методологии тафаккури илми мебошад.

Хамин тавр, маданият забони таърих аст ва таърих хотираи халк,

аст. Халкдоро бомаданияту бомаданият чудо намудан мумкин нест. Хамчунин маданиятро мутеи сиёсат ва идеология намуда, ба он аз макоми синфи бахо додан хато аст. Маданияти хаp як халк, рушду таназзул мекунад, бори дигар эхё мешавад, аз насл ба насл мегузарад, бо маданияти халкхои дигар бархурда бузурги ва заифии худро нишон медихад. Дар адабиёти ба мо дастрас маданиятро боз ба этники, милли, чахони чудо карда нишон медиханд, ки хар яки он ба худ хос маънихоро инъикос яку панд.

Маданияти этники хусусияти мадании халкдоро дар худуди махалли вучуддошта нишон медихад. Хусусияти маданияти этники махсусан дар он зохир мегардад, ки чи хел одамон кор мекунанд, кадом олотхоро истифода мебаранд, чи хел хонахо месозанд, чи хел либос ё хурокро интихоб мекунанд.

Маданияти милли бар хилофи маданияти этники хусусияти мадании як миллатро муайян менамояд ва нишондихандаи мухими

он забон аст. Ба гайр аз ин хусусиятхои милли дар хурок, либос, расму оин ва идхо тачассум меёбанд. Маданияти милли хусусият: муттахидкунанда дорад, зеро ки онхо дар мухити гуногуии мадани зиндаги карда, робитаи бовосита ва бевоситаи хешу табор доранд. Дар чараёни маданияти хатти маданияти милли сурат мегирад. Фарки маданияти милли аз этники чунинанд: дар маданияти милли сохти хочагидори, ичтимоию синфи илова мешавад; омили иктисоди макоми калон мебозад; унсурхои ахлокию хукуки бартари пайдо карда, маданияти дуняви пайдо мешавад.

Маданияти чахони хусусияти умуми дорад ва дар заминаи маданияти этникию милли бунёд меёбад. Намунахои барчаста маданияти чахони дар сохаи архитектура, адабиёт, санъат, илм дорои маънавиёти бузург мебошанд, ки мардумони дунё аз он бахра мегиранд, ки оид ба онхо дар мавзуъхои оянда сухан меравад.


Информация о работе Аз таърихи омузиши илмии мафхуми маданият