Автор работы: Пользователь скрыл имя, 09 Апреля 2012 в 21:40, курсовая работа
Масоили демократия ва таносуби он бо хукукхои инсон мундаричаи асосии назарияхои мухталифи демократияро ташкил медиханд. Назарияхои мазкур, новобаста аз тафовуташон воситахои асоснок кардан ва химояи сохти дахлдори чамъияти мебошанд. Аз ин нуктаи назар, назарияхои гуногун оид ба демократия вазифаи мухими мафкуравиро ичро мекунанд.
Демократия навъхо ва шаклхои мухталифи таърихи дорад. аз ин нуктаи назар, омузиши таърихи демократия имкон медихад, ки тачрибаи чандинасраи таърихии инкишофи демократия дар минтакахои гуногуни чахон чамъбаст карда шуда, конуниятхои умумии рушди он равшан гардад.
Сарсухан………………………………………………………………….3
1. Мафхуми демократия ва аломатхои он…………………………….8
2. Навъхо, нишонахо ва шаклхои демократия дар чараёни инкишофи чомеаи башари……………………………………………………………9
2.1. Навъхо ва шаклхои демократия. …………………………………12
3. Тахлили хукукии рушди демократия ва мохияти сиёси – ичтимоии он……………………………………………………………………………16
3.1. Демократияи Шарки кадим………………………………………..19
3.2. Демократияи асрхои миёна………………………………………....21
Хулоса………………………………………………………………………23
Номгуи адабиётхои истифодашуда……………………………………...24
Накша:
Сарсухан…………………………………………………………
1. Мафхуми демократия ва аломатхои он…………………………….8
2. Навъхо, нишонахо ва шаклхои демократия дар чараёни инкишофи чомеаи башари……………………………………………………………9
2.1. Навъхо ва шаклхои демократия. …………………………………12
3. Тахлили хукукии рушди демократия ва мохияти сиёси – ичтимоии он…………………………………………………………………………
3.1. Демократияи Шарки кадим………………………………………..19
3.2. Демократияи асрхои миёна………………………………………....21
Хулоса………………………………………………………………
Номгуи адабиётхои истифодашуда……………………………………...
Сарсухан
Инкишофи ташабуси эчодии шахрвандон ва иштироки фаъолонаи онхо дар чараёни идоракунии давлат такмилу рушди демократияро талаб мекунанд. Дар шароити хозира мунсибати эчодкорона ба назария ва тачрибаи демократия, инкишофи он тавассути омузиши тачрибаи таърихии асри 20, истифодаи дастовардхои бехтарини афкори башарият, тачрибаи бадастовардаи хочагидори, халли масъалахои ичтимои, инкишофи институтхои демократия вазифаи мухимтарин хисоб мешавад.
Истифодаи бевоситаи хамачонибаи сарвати фархангиву таърихии пешина – вазифаи халталабест, ки аз зарурати гузаштан ба иктисоди бозаргони бар меояд. Монеахое, ки Моро аз дигарон ва аз худамон чудо мекарданд, аз миён бардошта мешаванд. Дар шароити нави сиёси – сохибихтиёрии чумхури мо хешро вокеан чузъи тамаддуни чахони ва иктисодиву сиёсати чахони, хаёти маънавию мадани эхсос мекунем. Аз ин чихат омузиши демократия ва таърихи он, ки чузъи тамаддуни башарист, ахамияти мухими назариви ва амали дорад.
Омили дигаре, ки актуали будани мавзуи мазкурро исбот мекунад, аз тархи нави чамъияти мо бармеояд. Зеро он катъият даст кашидан аз колабхои кухнаро талаб намуда, як зумра вазифахои мушаххаси илмиро дар мадди аввал мегузорад.
Яке аз онхо – тагйир додани муносибати олимони сохаи сиёсат, давлат ва хукук, ба масъалаи арзишхои умимиинсони аст. Низоми сиёсии тозабунёд, ки давлати хукукбунёдро шомил аст, бояд ин мафхумхо ва категорияхоро васеъ истифода барад ва ба онхо асос ёфта бошад. Демократия хам яке аз чунин арзишхост.
Пайдо шудани тасаввуроти дурусти илми оид ба демократия ахамияти калон дорад. омузиши он бе нихоят ахамияти назарияви ва амали дорад, зеро имкон медихад, ки сабабхои ивазшавии шаклхои демократия, хаёти будани як катор институтхои демократия ва ахамияти онхо дар зинахои гуногуни инкишофи чамъият, алалхусус дар замони хозира муайян гарданд.
Масоили демократия ва таносуби он бо хукукхои инсон мундаричаи асосии назарияхои мухталифи демократияро ташкил медиханд. Назарияхои мазкур, новобаста аз тафовуташон воситахои асоснок кардан ва химояи сохти дахлдори чамъияти мебошанд. Аз ин нуктаи назар, назарияхои гуногун оид ба демократия вазифаи мухими мафкуравиро ичро мекунанд.
Демократия навъхо ва шаклхои мухталифи таърихи дорад. аз ин нуктаи назар, омузиши таърихи демократия имкон медихад, ки тачрибаи чандинасраи таърихии инкишофи демократия дар минтакахои гуногуни чахон чамъбаст карда шуда, конуниятхои умумии рушди он равшан гардад.
Пас аз он ки кушишхои дар кишвархои чахони сеюм бевосита татбик кардани унсурхо ва институтхои демократияи гарби натичаи дилхох набахшид, идеологхо ва рохбарони кишвархои мазкур сиёсати мутобиккунонии анъанахои гузаштаи демократиро бо шароитхои нав пеш гирифтаанд. Дар натича назарияхои «сотсиализми африкои», «сотсиализми мусулмони» ва ба ин монанд васеъ пахн шуданд. Бинобар ин омузиши шаклхои демократии ташкили хокимият дар давлатхои Осиё ва Шарк арзиши мухим пайдо намудааст.
Кофтуковхои бостоншиноси, дастовардхои илми мардумшиноси, инкишофи таърих, нишондодхо, ракаму далелхои нав ба навро ошкор месозанд. Дар натича дар назди илмхои сиёси ва хукуки вазифаи ташрех ва тахлили онхо ба миён омад. Мухаккикон бояд муносибати хешро ба комёбихои нави илми муайян кунанд яъне дониши мо оид ба демократия холо мутлак нест. Он бо баробари инкишофи чамъият, ошкор шудани далелхои нав торафт васеътар мешавад. ба акидаи Л.С. Явич: “далелхои нави археологи ва этнографи шохиди онанд, ки чараёни ташкилшавии синфхо, пайдоиши хукук ва сиёсат дар тамоми манотики чахон аз руи як накша сурат нагирифтааст”1. чараёни пайдоиш ва рушди демократия низ хусусиятхои ба худ хос дорад ва маълумотхои нави таърихи дониши моро оид ба ин чараён гании мегардонанд. Яъне омили дигаре, ки омузиши таърихии демократияро талаб мекунад, кашфиётхои нави илмхои археологи, этнографи ва таърих мебошанд.
Инкишофи демократия дар кишвари мо низ проблемахои нави назариявиро ба миён гузоштааст, ба монанди тачзияи хокомият, парламентаризм, давлати хукуки, низоми бисёрхизби, плюрализми сиёси, афзоиши фаъолияти сиёсии шахрвандон. Вале унсурхои номбаршуда якбора пайдо нашудаанд. Онхо таърихи худро доранд ва омухтани ин таърих ахамияти фавкуллода бузург аст.
Баъзе масъалаи омузиши таърихи демократия дар адабиёти хукуки ва сиёсатшиноси солхои зиёд таваччух карда мешавад ва дар илми хукуки – таърихи бештар демократияи нави буржуази ва шаклхои он омухта шудааст. Вале он нопурра аст, чунки як силсила мафхумхо характери расми доранд. Хамчунин проблемахои нав ба миён оамаданд, аз кабили имконпазир будан ё набудани инкишофи анъанахои демократияи буржуази дар шароити гузариш ба муносибатхои бозаргони.
Анъанахои демократии Осиёи Маркази, Закавказиё, Сибир, Шарки Дур кам омухта шудаанд. Омилхои кайдшуда боиси интихоби мавзуи мазкур гардидаанд.
Мавзуи мазкур ба тахлили ташаккули демократия ва шаклхои таърихии он бахшида шудааст. Демократия навъхои гуногуни таърихи, масалан, демократияи гуломдори, буржуази ва гайра дорад. мафхуми навъи таърихии демократия чихатхои умумии демократияи кишвархои мухталифи дар як зинаи тараккиёт бударо дар бар мегирад. Вале демократи дар минтакахои чудогонаи чахон хусусиятхои ба худ хос дорад, ки аз урфу одат ва анъанахои миллии сокинони онхо, вазъияти таърихи, сохти ичтимои ва дигар омилхо вобастаанд. Ин чихатхои хос мафхуми шакли демократияро ташкил медиханд.
Яъне хар як навъи таърихии демократия шаклхои гуногун дорад. Агар таърихи демократия танхо бо навъхои он омухта шавад, пас чихатхои хос, шаклхои махсуси ифодаёбии он аз мадди назар берун мемонанд. Бинобар ин мавзуи мазкур ба шаклхои ба амал баровардани демократия бахшида шудааст.
________________
1Ниг.: Явич Л.С.. Сущность права. – Л., 1985. – с.2.
1. Мафхуми демократия ва аломатхои он.
Демократия хамчун шакли ташкили хокимият дар чомеаи башари рохи дурударози инкишофро тай намудааст. Ба чараёни мазкур хам тагйироти инкилоби ва хам дигаргунихои тахаввулоти хосанд.
Аввалин бор дар таърихи афкори сиёсиву хукуки мафхуми “демократия” аз тарафи Фукидид истифода шудааст ва то замони мо ин мафхум ба хайси яке аз масъалахои мухиму бахсноки назарияви боки мемонад. Баробари инкишофи таърихи афкори сиёсиву хукуки мафхуми демократия дучори тафсирхои мухталиф гаштааст. Масалан, дар асархои Протагор, Фукидид, Горгий, Тразимах тафсирхои гуногуни мафхуми демократия дучор мешавад. Афлотун ва Арасту бошанд, демократияро хамчун “шакли нодуруст” – и давлатдори маънидод мекунанд. Ин мисолхо шохиди онанд, ки демократия характери табакави – таърихи дорад.
Дар шароити хозира низ калимаи демократия ба якчанд маъно истифода мешавад. Дар “Фарханги истилохи хукук” кайд мешавад, ки калимаи “демократия” барои ифодаи пурахокимиятии халк ва нисбат ба давлати дорои як зумра нишонахои юридики буда, иродаи аксарият, хамчун сарчашмаи хокимият ва эълон кардани озодиву баробархукукии шахрвандон, хамчун муродифи хукуку озодихои шахрвандон истифода мешавад1. Дар комуси сиёси кайд шудааст, ки демократия калимаи юнони буда (демос – халк ва кратос – хокимият) шакли хокимияти чамъияти ва давлат аст, ки ба эътирофи халк чун сарчашмаи хокимият асос ёфтааст. Дар адабиёти илми мафхуми демократия ба маънохои зерин истифода мешавад:
1. Демократия хамчун яке аз шаклхои хокимият
Демократия ходисаи чамъияти буда, бо хокимият алокаманд аст, вай аз хокимият ва табиати он муайян мегардад. Демократия усусли хокимиятдори, тарзи идоракуни ва назорати ичтимоист. Демократия инчунин меъёри хокимият ва меъёри озоди низ мебошад. Нисбат ба шакли истибдодии давлатдори, нисбат ба давлати авторитари демократия хокимияти халк аст ва аз чониби халк ва бахои манфиати халк амали мегардад. Демократия хокимиятест, ки аз чониби аксарияти ахоли бо назардошти манфиати онхо ба амал бароварда мешавад.
Демократия мансуби рубинои сиёсиву хукукии чамъият буда, шакли ташкили ин рубино аст. Аз ин нуктаи назар, як зумра мухаккикон ду намуди демократияи сиёсиро аз хам фарк мекарданд – демкоратия хамчун шакли давлат ва демократия хамчун шакли ташкили хаёти сиёсии гайридавлати, муассисахои сиёси2. В.И. Ленин демократияро хамчун мафхуми сиёси ба се маъно истифода бурдааст:
а) демкратия хамчун шакли давлат;
б) демократия чун шакли ташкили хизбхои сиёси ва созмонхои чамъияти;
в) демократия дехкони, либерали3.
Мафхуми “демократия” хамчунин барои тахлили муносибатхои байни миллатхову давлатхо, барои баходихии ва сиёсати байналхалки истифода мешавад, масалан, сулхи демократи бе аннексия ва контрибутсия.
_______________________
1Фарханги истилохи хукук. Душанбе. Нашриёти «ЭР – граф». 2004, 598 сах.
2Ниг: Гулиев В.Е., Рудинский Ф.М. Демократия и достоинство личности. – М., 1983. – с.1.
3Ленин В.И. Поли. Собр.соч. Т.33. – М., 1978. – с.408 – 409.
Бо мафхуми демократия, он табакаи ичтимоиеро ишора мекунанд, ки бахри амали гардонидани чорабинихои пешкадам мубориза мебаранд, масалан, демократияи милли ва демократияи инкилоби.
Демократия тарзи ташаккул ва ифодаи хифзи иродаи субъектони /иштирокчиёни/ хокимият низ хаст, масалан, иродаи халк, синфхо, табакахои ичтимои ва ташкилотхо. Он давлатеро демократи номидан мумкин аст, ки агар дар он карорхои мухим дар асоси иродаи умуми кабул гарданд.
Вобаста ба механизмхои ифодаи ирода демократия ду хел мешавад: бевосита ва намояндаги. Дар шароити демократияи бевосита мачмуи фардхо – субъектони хокимият иродаи хешро нисбат ба масоили мухими хаёти бевосита изхор мекунанд (масалан, бо рохи раъйпурси, мухокимаи бевоситаи лоихаи конунхо). Накши дастгохи хокимият бошад, аз ташкили дурусти ин чараёнхо иборат аст. Дар шароити демократияи намояндаги карорхои асоси тавассути намояндагони ваколатдор (масалан, вакилони мардуми), ки аз чониби субъектони хокимият интихоб шудаанд, кабул мешаванд. Аз болои чунин макомот интихобкунандагон назорат мебаранд (масалан, хисоботи вакилон дар назди интихобкунандагон).
Демократия хамчун хокимияти халк фахмида мешавад, он бештар ба сифати хокимияти халк истифода мешавад. ин яке аз аз таърифхои калассики мебошад. Г.Х. Шохназаров, масалан, чунин таърифи демократияро додааст: “Дар зери мафхуми демократия шакли сохти давлатиро бояд фахмид, ки он ба принсипхои пуррахокимияти, баробари ва озоди асос ёфтааст1.”
Як гурух олимон чунин мешуморанд, ки на хамаи навъхои таърихии демократияро бо ибораи “хокимияти халк” мутобик кардан лозим аст. Аз нуктаи назари онхо калимаи “демос” дар Юнони кадим на маънои халк, балки маънои “омма” – ро дошт2.
Барои равшани андохтан ба ин масъалаи мазкур ба тахлили афкори сиёсиву хукукии давраи аттика мурочиат мекунем. Арасту, дар зери мафхуми “демос” на тамоми ахоли, балки шахрвандони озодро, ки ба акидаи вай гуё аксарияти ахолиро ташкил медоданд, мефахмид. Гуломон ба ин мафхум дохил намешуданд. Аз нигохи мутафаккир, демкоратия чунин сохте хаст, ки дар шароити он одамони озоди кулли ахолиро ташкилдиханда сохиби хокимияти олианд3. Ба акидаи Арасту, давлат аз нуктаи назари шакли худ хамчун ташкилот баромад намуда, аз мачмуи муайяни шахрвандон иборат аст. Шакли давлат аз он иборат аст, ки киро шахрванд номидан мумкин аст. Ба акидаи мутафаккир, шахрванд касест, ки дар амилагардонии хокимияти конунгузор ва суди иштирок менамояд. Ба хар як шакли давлат доираи муайяни шахрвандон хос аст, яъне дар шаклхои мухталифи давлатдори доирахои гуногуни одамон сохиби хукукхои шахрванди мешаванд. Бо баробари дигаргуншавии мафхуми шахрванд, яъне тагйироти доираи ашхоси сохиби хукукхои шахрванди буда, шакли давлат хам дигар мешавад. аз ин нуктаи назар, Арасту демократияро хамчун давлате маънидод намудааст, ки дар он камбизоатон (бояд кайд намуд, ки камбизоатон низ мансуби категорияи одамони озод буданд) дар сохаи хокимият бартари доранд. Дар баробари ин мутафаккир як намуди демократияро афзалтар мешуморад. Ин давлати демократист, ки дар он сарванмандон ва
________________________
1Шохназаров Г.Х. Предисловие к книге В.И. Ленина «О социалистической демократии». – М.,1977 – с.3.
2Бергер А.К. Политические воззрения о демократии Древней Греции. – М.1965. – с.73.
3Аристотель. Политикою Афинская политая. – М.: Мысль, 1997. – с.74.
камбизоатон баробар буда, конун хукмрон аст. Дар хусуси шакли бехтарини давлат бошад, Арасту тарафдори полития буд., яъне чунин давлате, ки чихатхои мусби олигархияи давлатиро тачассум мекунад ва дар он хокимият мансуби табакаи сарватмандон аст. Дар он аксарият давлатро идора мекунанд1.
Мутафаккири дигари Юнони Гераклит дар зери мафхуми демократия идоракунии ашхоси “бехирад”, “белаёкат” – ро мефахмид. Номбурда демократияро рад намуд, тарафдори аристократия, яъне идоракунии ашхоси “бехтарин” ва “бохирад” аст2. Аз нуктаи назари Афлотун, демократия дар он сурате вучуд дорад, ки агар камбизоатон бо рохи табаддулоти давлати сохиби хокимият гардида, хукукхои шахрвандонро бо хам баробар намоянд ва принсипи интихоби будани шахсони мансабдорро чори намоянд. Ба акидаи мутафаккир, демократия давлати диккатчалбкунанда аст, вале идоракунии дахлдор надорад.