Автор работы: Пользователь скрыл имя, 09 Апреля 2012 в 21:40, курсовая работа
Масоили демократия ва таносуби он бо хукукхои инсон мундаричаи асосии назарияхои мухталифи демократияро ташкил медиханд. Назарияхои мазкур, новобаста аз тафовуташон воситахои асоснок кардан ва химояи сохти дахлдори чамъияти мебошанд. Аз ин нуктаи назар, назарияхои гуногун оид ба демократия вазифаи мухими мафкуравиро ичро мекунанд.
Демократия навъхо ва шаклхои мухталифи таърихи дорад. аз ин нуктаи назар, омузиши таърихи демократия имкон медихад, ки тачрибаи чандинасраи таърихии инкишофи демократия дар минтакахои гуногуни чахон чамъбаст карда шуда, конуниятхои умумии рушди он равшан гардад.
Сарсухан………………………………………………………………….3
1. Мафхуми демократия ва аломатхои он…………………………….8
2. Навъхо, нишонахо ва шаклхои демократия дар чараёни инкишофи чомеаи башари……………………………………………………………9
2.1. Навъхо ва шаклхои демократия. …………………………………12
3. Тахлили хукукии рушди демократия ва мохияти сиёси – ичтимоии он……………………………………………………………………………16
3.1. Демократияи Шарки кадим………………………………………..19
3.2. Демократияи асрхои миёна………………………………………....21
Хулоса………………………………………………………………………23
Номгуи адабиётхои истифодашуда……………………………………...24
Бояд зикр кард, ки дар Юнони кадим ахоли ба одамони озод ва гуломон таксим мешуданд. Мафхуми озоди ба гуломон пахн намегардид. Гуломон хамчун субъектони сиёсат набуданд, зеро сиёсат шакли хаёти одамони озод буд. Аз ин нуктаи назар, калимаи “демос” одамони озодро дар бар гирифта, нисбат ба гуломон, ки шумораи онхо зиёд буд, пахн намешуд.
Ибораи “демократия – хокимияти халк” боз як чихати дигар дорад. хокимияти халк, аниктараш муваффак шудан ба принсипи мазкур, нишонаи асоси демократия аст, зеро дар чамъият хокимият мансуби тамоми халк, эълон гардида, вале дар амал мумкин аст аз чониби як шахс амали шавад. Бинобар ин, ду мафхумро бояд фарк кард, ки дорои хукуки иштирок кардан дар амалигардонии хокимият аст ва ки амалан онро татбик менамояд. Яъне ба принсипи “демократия – хокимияти халк” хама вакт муваффак шудан мумкин нест.
Дар хусуси масъалаи мазкур фикру акидахои якчанд муаллифонро тахлил мекунем. Ю.А. Тихомиров кайд мекунад, ки мафхуми демократия чун хокимияти халк, ахамияти хосаро дорост.
Идоракуни дар шароити демократикунонии хаёти давлати ва чамъияти амали мегардад. Тамоми шахрвандон субъектони идоракунии ичтимои мебошанд, зеро чалб намудани омма ба идоракуни максади фаъолият оид ба идоракуни аст3. М.В. Цвики бошад, акида дорад, ки мувофики он мафхумхои демократия ва хокимияти халк аз хам фарк доранд, вале онхо мафхумхои гуногун набуда, балки тарафхои бо хам алокаманди давлат мебошанд4.
2. Демократия хамчун шакли давлат
Дар таърихи афкори сиёсиву хукуки мафхуми демократия ба сифати шакли давлат истифода шуда, ба аристократия (идоракунии аъёну ашроф ё ашхоси хирадманд) ё олигархия (хукмронии ахли сарват) мукобил гузошта мешавад. ин анъана аз афкори сиёсиву хукукии кишвархои Шарки кадим ва аттика ибтидо гирифтааст. Дар хусуси халли проблемаи мазкур дар ахди антика мо аз Арасту, Гераклит, Афлотун сухан рондем. Дар эчодиёти мутафаккирони давраи нав тахаввулоти фикри ба вучуд омад.
Мутафаккири англис Т. Гоббс се шакли давлатдориро фарк намудааст:
________________________
1Арасту. Хамон асар, с.84.
2Ниг: Материалисты Древней Греции. – М., 1955. – с.10
3Тихомиров Ю.А. Управление в развитом социалистическом обществе. – М. 1978 – с. 128.
4Ниг: Цвики М.В. Теория демократии. – Киев, 1986. – с.31.
а) демократия;
б) аристократия;
в) монархия.
Ба акидаи вай, демократия давлатест, ки дар он хокимияти оли мансуби умумии шахрвандон аст. Мутафаккири фаронсави Ш.Л. Монтескье шаклхои республикави, монархи ва истибдодии идоракуниро фарк намуда, кайд кардааст, ки агар дар шароити республика хокимият мансуби халк бошад, пас он демократия аст1.
Карл Маркс демократияро ба ду маъни истифода бурдааст: демократия чун шакли давлат ва хамчун принсипи ташкили хокимияти сиёси дар чамъият. Барои К.Маркс демократия нишонаи шакли давлт, меъёри хакикат аст2. Аз нуктаи назари В.И. Ленин хам «демократия ин шакли давлт, яке аз намудхои он аст3».
Дар халли масъалаи мазкур дар адабиёти хукукии Шурави рочеъ ба проблемахои шакли давлт бахс вучуд дошт. Як зумра олимон шакли беруни ва дохилии давлатро фарк мекунанд. Демократия шакли дохилии давлат буда, ташкили хокимияти сиёси – шакли берунаи он аст4. В.О. Тененбаум дар зери мафхуми шакли дохилии давлат сохти механизми давлати, тарзи алокаманди байни макомоти идоракунии хокимиятро бо ахоли, таносуби онхоро бо макомоти намояндаги хокимият мефахмад. Шакли берунии давлат бошад, ин дар шакли хукуки мустахкам кардани ташкили кисмхои таркибии давлати, тавассути санадхои меъёриву хукукист5.
А.М. Витченко мафхумхои шакли давлат ва шакли хокимиятро аз хам фарк мекунад. Шакли хокимият мафхуми асоси буда, дар шакли давлат тачассум мегардад. Шакли давлат аз шакли хокимият бармеояд ва тобеи он аст. Бинобар ин, шакли нави хокимият унсурхои демократии шакли пештараи давлатро дар худ нигох медорад6.
Дар аснои тахлили демократия чун шакли давлат боз ба як масъала бояд таваччух намуд. Ин масъала дар хусуси он ки оё демократия танхо дар шароити республика имконпазир аст ва ё он метавонад дар монархия низ чой дошта бошад. Олими америкои Л.С. Липсет дар ин хусус чунин изхори акида мекунад, ки аз 12 давлати пешрафтаи демократии Гарб дахтояшон давлатхои монархияви мебошанд.
Агар масъалаи мазкурро аз нуктаи назари таърихи афкори сиёсиву хукуки тахлил кунем, пас шохиди он мешавем, ки ин гурухи мутафаккирон монархияро чун омили мустахкам кардани давлат ва ривочи демократия мехисобанд. Масалан, ба акдаи Данте Алигери монархия асоси мустахкам кардани хаёти сиёси аст. Номбурда асари чудогонаи хешро ба монархия бахшида, дар он аз чумла дар оянда акидаи барпо сохтани монархияи умумичахониро ба миён мегузорад7. Яке аз асосгузорони илми сиёсии давраи нав – олими итолиёви Макиавелли низ бо монархия чараёни мустахкам кардани сохти давлат ва ривочи муътадили онро алокаманд мекард8.
Агар як катор давлатхои муосири чахонро пеши назар оварем, пас шохиди он шудан мумкин аст, ки онхо монархияи конститутсионии буда, лекин режими сиёсии
_____________________________
1Ниг.: Маркс К., Энгелс Ф. – Сочинения. 2 – ое изд. – Т.2. – М., 1974. – с.251.
2Ленин В.И. Полн. Собр. Соч. – Т. 33. М., 1978. – с.100
3Маркс К., Энгелс Ф. – Сочинения. 2 – ое изд. Т.2. – с.251
4Ленин В.И. Полн. Собр. Соч. – Т. 33. – с. 100.
5Тененбаум В.О. Государство: система понятий. – Саратов, 1971. – с.167
6Витченко А.М. Теоретические проблемы изучения государственной власти. – Саратов, 1982. – с. 131.
7История политико – правовых учений. Средние века. Возрождение. – М., 1990. – с. 62.
8Темнов Е.И. Макиавелли. – М., 1979. – с.37 – 45.
демократи хукмрон аст (масалан, Британияи Кабир, Белгия, Шветсия ва гайра). Аз ин чо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки синфи хукмрон пас аз сохиби хокимият гаштан демократияи худро чун шакли давлат бо шаклхои идоракунии таърихан бештар самаранок чори мекунад.
3. Демократия чун ходисаи чамъияти – сиёси
Давлат унсури мухими низоми сиёсии чамъият аст, вале на асоси. Низоми сиёси тавассути унсурхои сиёсии гайридавлати низ инкишоф меёбад, масалан, тавассути хизбхои сиёси, созмонхои чамъияти ва гайра. Аз ин нуктаи назар, як катор муаллифон демократияи давлати ва демократияи чамъияти – сиёсиро аз хам фарк мекунанд1. Акидаи мазкур шаходат медихад, ки демократия танхо шакли давлат нест. Вале акидаи мазкурро на хама олимон дастгири мекунанд. Масалан, М.В. Цвики чунин мехисобад, ки демократияи чамъияти чой надорад. Созмонхои хизби, чамъияти дар чараёни баамалбарории як демократия – демократияи умумидавлати сахм мегузоранд. Иштироки онхо дар чараёни мазкур боиси мазмуни сиёси пайдо кардани фаъолияти онхо мегардад2. Ба ин акида рози шудан мумкин нест, зеро он раванди кухнаи мазмуни давлати пайдо кардани тамоми сохахои хаёти чамъияти, мазмуни давлати доштани фаъолияти созмонхову хизбхоро боз аз сари нав зинда мекунад. Акидаи мазкур дар хаёти имрузаи мо бо ривочи муътадили як катор чараёнхои прогрессивии нав ба миёномада мусоидат карда метавонад.
Аз ин акидахо ба чунин хулоса омадан мумкин аст:
1. Иштироки созмонхои чамъияти дар чараёни баамалбарории демократи функсияи мухим, вале асоси нест.
2. Иштироки шахрвандон дар низоми демократия шаклхои мухталифро дорост, гайр аз шаклхои давлати, хамчунон шаклхои чамъияти низ мавкеъ доранд; шахрвандон танхо бо иштироки худ дар фаъолияти макомоти давлати демократияро пурра амали намегардонанд; онхо инчунин тавассути хизбу созмонхои чамъияти дар устувори демократия сахм мегузоранд.
Демократия чун ходисаи чамъияти – сиёси боз як чихати дигар дорад – демократия хамчун принсип ва шакли ташкили хизбхои сиёси ва созмонхои чамъияти. Аз ин нуктаи назар, дар адабиёти хукуки намудхои мухталифи демократия фарк карда мешаванд, масалан, демократияи кооперативи ва демократияи коллективхои мехнати3. Дар адабиёти сиёси хамчунин демократияи дохилихизби ва демократияи дохилииттифоки вомехуранд.
Акнун масъалаи мазкурро аз чихати таърихи тадкик менамоем. Демократия, чи тавре кайд гардид, принсипи ташкили хизбу созмонхои чамъияти мебошад. Вале ин маънои онро надорад, ки он танхо нисбат ба созмонхои замони хозира пахн мешавад.
____________________
1Денисов А.И. Общая система социалистической демократии. – М., 1975. – с.25.
2Цвики М.В. Асари зикршуда, с.35 – 36.
3Бурлатский Ф.М. Ленин. Государство. Политики. – М., 1970. – с.423 – 424.
2. Навъхо, нишонахо ва шаклхои демократия
дар чараёни инкишофи чомеаи башари.
Демократия кисми таркибии мафкураи чамъият аст. Вай дорои мохияти сиёсист, зеро сиёсат, хамон тавре маълум аст, иштироки одамон дар идоракунии давлат мебошад. Аммо саволи дигаре ба миён меояд, ки оё демократия хама вакт мохияти сиёси дошта метавонад?
Барои ба саволи мазкур чавоби сахех пайдо кардан боз ба тахлил як масъалаи дигар бояд таваччух кард. Ин масъала дар хусуси чо доштан ё надоштани ду намуди демократи аст:
1. Демократияи сиёси;
2. Демократияи гайрисиёси;
Барои чи дар бораи чой доштан ё надоштани мафхумхои мазкур меравад? Зеро дар адабиёти хукуки ин масъала як хел хал нагардидааст. Таснифоти дар боло кайдшуда хам тарафдорон ва хам мукобилони худро дорад.
Аввалан, хулосаи тарафдорони ин масъаларо меорем. Муаллифони “Назарияи умумии марксисти – ленинии давлат ва хукук” (нашри соли 1970) дар боби махсуси асар оид ба намудхои демократия чунин навиштаанд: “Вобаста аз мохияти хокимияти чамъияти демократияи сиёси ва гайрисиёси фарк карда мешаванд”. Демократияи гайрисиёси ба чамъияти гайриавлоди хос буда, инчунин хамчун шакли ташкили хокимият дар чамъияти коммунисти баромад мекунад1. Муаллифи дигар А.К. Курилов чунин мешуморад, ки худидоракунии коммунисти маънои шакли олии гайрисиеси демократияро дорад. дар ин шакл демократия як катор функсияхои мухими ичтимоиро ичро мекунад2. Ба акидаи Э.Л. Кузмин, то пайдоиши давлат демократияи гайрисиёси чой дошт. Бо баробари ба синфхо таксимшавии чамъият демократия мазмуни сиёси пайдо мекунад. Дар баробари ин вай ду намуди демократияи сиёсиро аз хам фарк мекунад: а) демократия хамчун шакли давлат ва б) демократия чун шакли ташкили дигар муассисахои сиёсии гайридавлати, масалан, созмонхои хизби ва чамъияти. Дар созмонхои коммунисти демократия мохияти синфии худро гумм карда, хамчун демократияи гайрисиёси боки мемонад3.
Аз нуктаи назари С.М. Рахимбоев таксим кардани демократия ба сиёси ва гайрисиёси асос надорад. Демократия хеч гох характери гайрисиёси пайдо намекунад4. Муаллифи дигар Ю.Е. Ерёмин чунин мехисобад, ки худидоракунии коммунистиро хамчун демократияи гайрисиёси номидан мумкин нест. Эътироф кардани чунин акида хатари калон дорад, зеро маънои эътироф намудани акидаи демократияи “сирф” – ро дорад.
________________
1Общая марксистка – ленинская теория о государстве и праве. – М., 1970. Т.1. – с. 313.
2Курилов А.К. Коммунизм и равноправие. – М. 1971. – с.209.
3Кузмин Э.Л. Демократия: вопросы теории, методологии и опыта. – М., 1986 – с. 156 – 157.
4Рахимбаев С.М. Марксизм – ленинизм о демократии. Автореф. канд. дис. – М., 1972. – с.18.
5Еремин Ю.Е. Классовая сущность и исторический характер демократии. – М., 1977. – с. 677.
2.1. Навъхо ва шаклхои демократия
Демократия мархилахои гуногуни инкишофро аз сар гузаронида, сохиби шаклхои мухталиф мегардад. Вале новобаста аз гуногуншакли демократия як катор нишонахои умумии хешро нигох медорад. Хамин нишонаву хусусиятхои умумии демократия нишонахои мухим буда, имкон медиханд, ки навъхои таърихии демократия муайян карда шаванд.
Навъбанди нисбат ба демократия имкон медихад, ки мазмун, конуниятхо ва
омилхое муайян гарданд, ки дар шароити онхо демократия инкишоф ёбад.
Гузариш аз як мархилаи таърихи ба дигараш мазмуни асосии прогресси таърихиро ташкил медихад. Вале форматсияи чамъияти – иктисоди асоси навъбандии демократия шуда наметавонад. Навъбандии демократия боз ба ду омил вобаста аст:
1. Демократия дорои мохияти сиёси мебошад, ки бо сохти чамъияти муайян карда мешавад.
2. Демократия дар чамъияти синфи муафхуми навъи таърихии давлатро ташкил дода, бо он алокаманд мегардад.
Аз гуфтахои боло ба хулосаи зерин омадан мумкин аст, ки се асоси навъбандии демократия чой доранд: 1) форматсияи чамъияти – иктисоди; 2) сохти ичтимоии чамъият; ва 2) навъи таърихии давлат. Яъне навъхои таърихии демократияро хамин се нишона муайян мекунанд. Тахлили муфассали онхо чунинанд:
Демократия хамчун шакли ташкил ва амали гардонидани хокимият чараёни дурударози инкишофро тай намудааст. Навъхо ва шаклхои таърихии демократия ба мисли давлат ва хукук ба форматсияи чамъияти – иктисоди ва даврахои гузариш аз як форматсия ба дигараш муайян мегарданд. Аз ин нуктаи назар, Навъхо ва шаклхои гузарандаи демократия низ чой доранд1.