Демократия ва намудхои он

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 09 Апреля 2012 в 21:40, курсовая работа

Описание

Масоили демократия ва таносуби он бо хукукхои инсон мундаричаи асосии назарияхои мухталифи демократияро ташкил медиханд. Назарияхои мазкур, новобаста аз тафовуташон воситахои асоснок кардан ва химояи сохти дахлдори чамъияти мебошанд. Аз ин нуктаи назар, назарияхои гуногун оид ба демократия вазифаи мухими мафкуравиро ичро мекунанд.
Демократия навъхо ва шаклхои мухталифи таърихи дорад. аз ин нуктаи назар, омузиши таърихи демократия имкон медихад, ки тачрибаи чандинасраи таърихии инкишофи демократия дар минтакахои гуногуни чахон чамъбаст карда шуда, конуниятхои умумии рушди он равшан гардад.

Содержание

Сарсухан………………………………………………………………….3
1. Мафхуми демократия ва аломатхои он…………………………….8
2. Навъхо, нишонахо ва шаклхои демократия дар чараёни инкишофи чомеаи башари……………………………………………………………9
2.1. Навъхо ва шаклхои демократия. …………………………………12
3. Тахлили хукукии рушди демократия ва мохияти сиёси – ичтимоии он……………………………………………………………………………16
3.1. Демократияи Шарки кадим………………………………………..19
3.2. Демократияи асрхои миёна………………………………………....21
Хулоса………………………………………………………………………23
Номгуи адабиётхои истифодашуда……………………………………...24

Работа состоит из  1 файл

мафхуми демократия.doc

— 175.00 Кб (Скачать документ)

              Имтиёзхои иктисоди ва ичтимоии худро аристократияи кабилави кушиш мекард ба мерос дихад. Ба акидаи Л.Г. Морган, дар байни хокимияти шахрванди дар шахсияти шурои кабилави ва хокимияти харби дар шахсияти сарлашкар зиддият ба миён меояд.

              Ин зиддият боиси он гардид, ки дар муддати муайян мачлиси халки хамчун макомоти оштидиханда амал кунад. Дар зинахои охири демократияи харби, азбаски дарачаи тараккиёти истехсолкунанда баланд набуд, аристократияи кабилави имкон надошт, ки тамоми махсулоти изофаро аз худ кунад. Бинобар он дар ин зина хам чангхо чун сарчашмаи берунии сармоядоршави эътибори худро нигох медоштанд.

              Истехсолкунандагони бевосита холо аз воситахои истехсолот чудо нашуда бошанд хам, аз идоракунии обшина торафт дур мешуданд. Масалан, чои мачлиси халкиро мачлиси дружинаи харби мегирифт, танхо як кисми карорхои кабулкардаи шурои кухансолон ба таври расми аз  чониби  мачлиси  халки  тасдик  мешуданд.  Ин

_____________________________

1Аваркиева Ю.П. Особенности военной демократии в истории индейцев Северной Америки // Сов. Этнография. – 1970. № 15. – с. 41.

барои истисмори аъзоёни обшина шароити муфид мухайё мекард. Нуктахои ахолинишин ба вучуд меоянд, ки байни аъзоёни онхо алокахои авлоди вучуд надоштанд. Протсеси табдилёбии одат ва дигар меъёрхои ичтимои ба меъёрхои хукуки сар мешавад. Акнун меъёрхо нисбати гуруххои чудогонаи ахоли якхел татбик намешуданд.

              Дар сурати вайрон кардани онхо бошад, акнун санксияхоро на мачлиси халки, балки гурухи махсуси одамони аз чониби аъёну ашрофони кабила пешбаришуда муайян мекарданд. Аз гуфтахои дар боло зикргардида ба чунин хулоса омадан мумкин аст. Демократияи харби ба он зинаи инкишофи чамъияти ибтидои мувофик мегардад, ки дар он чамъият гузариш ба чамъияти синфи сар мешавад. Дар ин зина чараёни ташкилшавии синфхо огоз мегардад. Макомоти авлоди характери сиёси пайдо мекунад. Гурухи махсуси одамон, аристократияи кабилави ташаккул меёбад, ки функсияхои идоракуниро ба дасти худ мегирад. Кисми зиёди одамон аз идоракуни торафт дур мешаванд. Чараёни мубаддал гардидани одат ва дигар меъёрхои ичтимои ба меъёрхои хукуки огоз мегардад.

              Гурухи алохидаи шахсон ба миён меоянд, ки вазифаи он тадбиккунии санксияхо  нисбати  вайронкунандагони меърхои ичтимои, яъне таъмини онхост. Вале чамъиятро синфи давлати номидан мумкин нест. Зеро дар он аз як тараф шаклхои худидоракунии авлоди, унсурхои демократияи авлоди боки монданд ва аз тарафи дигар протсеси  тавлидшавии синфхо, давлат ва хукук пурра ба анчом нарасидааст. Давлат холо хамчун ташкилоти сиёсии чамъияти синфи бо нишонахои ба он хос, хукук бошад, чун мачмуи меъёрхои бо кувваи мачбуркуни давлат таъминшуда вучуд надоштанд. Яъне демократияи харби як зинаи инкишофи чаъияити обшинаи ибтидои буда давраи гузариш аз чамъияти авлоди ба чамъияти синфи аст. Тахлили демократияи харби аз он шаходат медихад, ки он навъи гузарандаи демократия аз авлоди ба синфи буда, дорои шаклхои таърихи мебошад. Шаклхои таърихии демократияи харби инхоанд:

 

1) худидоракунии харби - обшинаги;

2) худидоракунии кабилави;

3) конфедератсияи  кабилахо.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

        3.1. Демократияи Шарки кадим

 

              Солхои 60 – 70 асри 20 дар як катор кишвархои аз мустамлика озодшуда бухрони институтхои демократияи парламентарии гарби руй дод. Дар натича дар кишвархои мазкур таваччух нисбат ба анъанахои демократияи шарки зиёд гардид. Бо максади баланд ардоштани шуури сиёсии халки махалли ва чалб кардани онхо ба протсесхои идоракуни омузиш ва татбики анъанахои демократияи шарки авч мегирад. Аз ин нуктаи назар, омузиши шаклхо ва чихатхои демократияи шарки ахамияти хоса дорад. Чи тавре маълум аст, аввалин навъхои таърихии давлат ва хукук дар кишвархои Шарки кадим ба вучуд омадаанд. Таърихи пайдоиши ин давлатхо тулонист. Бинобар ин, чараёни инкишофи демократияи шарки низ дурудароз аст. Дар ин маврид хотиррасон мекунем, ки сухан дар хусуси демократияи шаркии гуломдори, яъне демократияи синфи намеравад. Барои равшан сохтани масъалаи мазкур сохти давлативу чамъиятии кишвархоро низ бояд ба назар гирифт.

              Ба ибораи дигар, протсеси табдилёбии демократияи авлоди тавассути демократияи харби ба демократияи гуломдорои дар Шарк тулони буда, якчоя бо чараёни пайдошавии давлат ва хукук самт гирифтааст. Чараёни мазкур дар кишвархои мухталифи Шарк зинахои гуногуни инкишофи чамъиятиро дар бар гирифтааст. Масалан, дар Хитой давраи заволёбии чамъияти ибтидои нимаи аввали хазорсолаи 2 то солшумории мелодиро дар бар мегирад. Ин зина демократияи харби буд, ки асрхои 12 – 3 то солшумории мелодии ба шакли идоракунии истибдоди иваз мешавад. Дар Хиндустони Кадим зинаи демократияи харби дар нимаи дуюми хазорсолаи 3 то солшумории мелодии сар шуда, якчанд асрхо давом кардааст.

              Дар як катор кишвархои Шарк баъди пайдоиши давлат низ унсурхои демократияи харби муддати дароз боки мондаанд. Яъне демократияи гуломдории шарки аз демократияи обшинаи ибтидои сабзида расида, унсурхои демократияи харбиро нигох доштааст. Масалан, дар давлати Ямани кадим дар ибтидои асри 11 то солшумории мелодии иттифоки кабилахо таъсис мегардад, ки дар тулии хазор сол боки мемонанд.

              Идоракунии давлати аз як кабила ба кабилаи дигар мегузашт. Хокимон на хамчун сохибони хокимияти одди, балки намояндагони макомоти сохибихтиёр – Шурои кухансолон хисоб мешуданд. Ба акидаи як катор муаллифон, дар давлати мазкур шакли идоракунии истибдоди вучуд надошт зеро хикимият пурра мутааллики хокимон набуд. Хокимони давлат танхо дар сохаи сиёсат амал карда, вазифаи асосии онхо кабули конунхо буд. Вале дар ин соха низ хокимияти онхо аз тарафи Шурои кухансолон махдуд шуда буд. Дар шохигарихои гуломдории Судон низ хамин холат ба назар мерасад.

              Масалан, дар онхо принсипи интихоби будани шохон ва пешвоён, хамчунин мачлиси халки /мачлиси чанговарон/ амал мекарданд.

              Дар давлатхои гуломдории Африко хокимияти хокимони давлатро одатхо махдуд карда буданд, ки дар чамъияти аристократияи кабилави накши мухим мебозиданд. Хокимон хокимияти худро на аз падар ё бародар, балки аз авлод мерос мегирифтанд. Дар давлатхои мазкур асосан монархияи табакави – намояндаги ташаккул ёфта, анъанахои демократияи харби муддати дароз боки монданд. Тахлили демократияи гуломдори дар кишвархои Араб ва Африко гувохии онанд, ки дар онхо муддатхои дароз унсурхои демократияи ибтидои боки мондаанд. Онхо барои иштироки васеи халк дар чараёнхои идоракуни шароити муфид фарохам овардаанд. Нисбати тахили масъалаи зикргардида кишвархои Осиё, Хитой ва Хиндустонро мегирем, чунки дар онхо институтхои демократия бештар мустакилона инкишоф ёфта буданд. Хусусиятхо демократияи гуломдори дар Хитой чунинанд:

1.Асрхои 8 – 5 то мелод сарчашмаи хокимият озод хисоб мешуд, ки ваколатхои он аз халли масоили зайл иборат буд: интихоби хокимон, эълони чанг ва бастани сулх, таъин кардани шахсони мансабдори давлат. 2. Муддати дароз обшинаи дехот боки мондааст. Дар охири асри 3 то мелод обшинаи дехот аз сохибмулки замин ба иттиходияхои худидорашавандаи сохибмулкони озоди замин табдил меёбад. Танхо аъзои чунин обшина сохиб замин шуда метавонист. Обшинаро Шурои кухансолон идора мекард. Он ду функсияи асосиро ичро мекард: а) идоракунии дохилии обшина ва б) хамчун намояндаи он баромад кардан. 3. Дар як катори нохияхои дурдасти Хитой мухторияти маъмури – сиёси хукмрон буд. Дар онхо унсурхои демократияи авлоди мушохида мешуданд. Чунончи, хокимон азчумлаи кухансолон интихоб мешуданд. Онхо дар корхои хочагии кишлок бевосита иштирок мекарданд ва барои мехнаткашон барои идоракунии давлат низ музд намегирифтанд. Аввалин давлатхо дар Хиндустон дар хазорсолахои 2 – 1 то мелод ба вучуд омаданд. Чихатхои мухими демократияи гуломдории Хиндустон инхоянд: 1. Ду шакли обшина амал мекард: а) обшинаи авлоди /гана/ ва б) обшинаи дехот /вишас/. Онхо имкон додаанд, ки анъанахои демократияи авлоди ва харби боки монанд.

2. Муддати дароз мачлисхои халки ва шурои авлоди амал мекард. Раиси мачлиси халки аз чониби худи мачлис интихоб мегашт. Вай сарвари хокимияти маъмурии давлат буд.

3. То ташкилшавии давлати муттамарказ /асри 4 то м/ шаклхои идоракуни республикави вучуд доштанд. Онхо дорои нишонахои зерин буданд: вучуд надоштани хокимияти ягонаи давлат; интихоби будани хокимони давлат; чой доштани шаклхои гуногуни республикахо, асосан республикахои демократи ва олигархи; амалиётхои шурои аъёну макоми олии давлат, ки дар кори он шахрвандони озод иштирок намуда ваколатхои маъмури, молияви ва судиро ичро мекарданд; ба амал баровардани хокимияти ичроия аз чониби сардори давлат, ки дар мачлиси халки интихоб мешуд.

4. Муддати тулони обшинахои дехот боки монданд, ки унсурхои демократияи авлодиро нигох доштанд. Дар як катор давлатхои Осиёи Чанубу Шарки низ нишонахои демократияи гуломдори мушохида мешуданд. Масалан, дар кишвархои Индонезия, Бирма, Хиндухитой шахр – давлатхо ташаккул ёфт, ки дар онхо шаклхои демократии идоракуни инкишоф меёфтанд. Нишонахои демократияи гуломдори нисбат ба кшвархои номбаршуда чунинанд: а) чой надоштани дастгохи махсуси хукмрон; б) набудани функсияхои зуровари ва идеологи.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

3.2. Демократияи асрхои миёна

 

Сохти чамъиятиву иктисодии феодализм бо ду рох ташаккул ёфтааст; 1. Дар натичаи заволи сохти обшинаи ибтидои ва 2. Дар натичаи заволи сохти гуломдори.

Дар давлатхои феодали шаклхои мухталифи идоракуни хукмрон буданд, чунончи, монархияи мутлак, табакави – намояндаги, республикахои шахри дар шахр – давлатхои асрхои миёна /Новгород, Псков, Фаронса/ ва гайра. Аз хамин сабаб шаклхои демократияи феодали гуногунанд.

Яке аз онхо демократияи «вечеги» аст, ки бевосита аз демократияи харби сабзида расидааст. Ин шакли демократия ба зинахои аввалини ташаккули давлати феодали хос аст. Демократияи мазкур аз демократияи харби фарки кули дошт, зеро дар шароити таксимоти худудии ахоли, болоравии заминдори ва чорводори вусъат гирифтааст. Аммо вай унсурхои демократияи харбиро нигох медоранд, масалан, фаъолияти вече /мачлисхои халки/. Азбаски вече дар хаёти сиёси накши мухим дошт, барои ифодаи шаклхои демократияи идоракуни дар зинаи феодализми навташаккулёбанда ибораи «демократияи вечеги» истифода мешавад. Чунин шакли демократия дар Олмон охири асри ! ва ибтидои асри 2 мушохида шудааст.

Чихатхои хоси он чунин буданд: 1. Мачлиси халки амал мекард, ки чанговаронро муттахид менамуд; 2. Ваколатхои он: интихоби шохон, сарлашкарон ва судяхо; халли корхои суди ва бастани шартномахои акди никох; 3. Функсияхои идоракуни мансуби аъёну ашрофони кабилахо буданд. Демократияи «вечеги» дар Шветсия, дар хар як вилоят ва округи ин давлат низ мушохида мешуд. Дар хар як вилоят ва округи Шветсия вече амал мекард. Дар он масъалахои мухими давлати хал мешуданд. Мачлисхои вече одатан мохи феврал даъват мешуданд. Раисикунандаи мачлис дорои ваколатхои суди буд. Мансаби шох интихоби буд. Вай дар мачлиси халки интихоб мешуд. Дар асрхои 18 – 15 харакатхои оммавии дехконон ва ахолии шахр авч мегиранд, ки боиси тагйир ёфтани шаклхои идоракунии давлатхои феодали мегарданд. Монархияи табакави – намояндаги шакли асосии идоракуни мегардад. Ба он демократияи табакави – намояндаги мувофик буд, зеро он имкон медод, ки зиддияти байни феодалхо ва дехкононро то андозаи паст намоянд. Ин шакли демократия асрхои миёна дар Олмон чой дошт. Мамлакат ба якчанд князигарихо ва шахрхо таксим мешавад ва хар яке аз онхо сохибихтиёр буданд. Император аз тарафи коллегияи курфюристхо интихоб мешуд. Функсияхои суди, маъмури, молияви, харби, политсияви аз чони би макомоти умумиимперияви ичро мешуданд.

Гуфтахои боло шохиди онанд, ки анъанахои демократи дар чамъияти феодали низ вусъат ёфта буданд. Демократияи феодали унсурхои демократияи харби ва ё гуломдориро инкишоф медихад ва дар зинахои гуногуни инкишофи чамъияти шаклхои ба худ хос мегирад. Дар мархилаи феодализм куввахои прогрессиви бахри шаклхои демократии идоракуни мубориза мебаранд. Аз ин нуктаи назар, демократияи феодали инъикос ва натичаи конунии муборизахои синфист. Омили мазкур низ боиси гуногуншаклии демократияи феодали гардидааст.

Шаклхои таърихии демократияи феодали инхо мебошанд:

1.     Демократияи «вечеги»;

2.     Демократияи табакави – намояндаги;

3.     Демократияи «дворяни»;

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

     Хулоса

             

Аз тахлили хукукии демократия ба хулосахои зерин омадан мумкин аст:

 

1. Демократия шакли ташкили хокимият буда, таърихи тулонии дорад.

Мафхуми демократия ба якчанд маъно истифода мешавад:

а) демократия чун шакли хокимият;

б) демократия хамчун шакли ташкили рубинои сиёсиву хукукии чамъият;

в) меъёри баходихии ба сиёсати хоричи ва тахлили муносибатхои милли;

г) шакли умумияти одамон;

д) воситаи ифода кардани иродаи субъектони хокимият;

е) хокимияти халк;

ё) шакли давлат;

ж) мафхуми чамъияти – сиёси;

з) режими сиёси;

и) чахонбинии сиёси ва арзиши сиёси.

 

2. Демократия мохияти сиёси дорад. ин маънои онро дорад, ки демократия кисми таркибии мафкураи табакахои алохидаи чамъият аст. Демократия ба синфи хоким имкон медихад, ки тавассути муассисахои демократи /масалан, парламент/ дар идоракуни иштирок кунад, намояндагонашро ба макомоти давлати пешбари намояд.

 

3. Демократия нишонахои зерини умуми дорад:

а) мохияти сиёси доштани он;

Информация о работе Демократия ва намудхои он