Демократия ва намудхои он

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 09 Апреля 2012 в 21:40, курсовая работа

Описание

Масоили демократия ва таносуби он бо хукукхои инсон мундаричаи асосии назарияхои мухталифи демократияро ташкил медиханд. Назарияхои мазкур, новобаста аз тафовуташон воситахои асоснок кардан ва химояи сохти дахлдори чамъияти мебошанд. Аз ин нуктаи назар, назарияхои гуногун оид ба демократия вазифаи мухими мафкуравиро ичро мекунанд.
Демократия навъхо ва шаклхои мухталифи таърихи дорад. аз ин нуктаи назар, омузиши таърихи демократия имкон медихад, ки тачрибаи чандинасраи таърихии инкишофи демократия дар минтакахои гуногуни чахон чамъбаст карда шуда, конуниятхои умумии рушди он равшан гардад.

Содержание

Сарсухан………………………………………………………………….3
1. Мафхуми демократия ва аломатхои он…………………………….8
2. Навъхо, нишонахо ва шаклхои демократия дар чараёни инкишофи чомеаи башари……………………………………………………………9
2.1. Навъхо ва шаклхои демократия. …………………………………12
3. Тахлили хукукии рушди демократия ва мохияти сиёси – ичтимоии он……………………………………………………………………………16
3.1. Демократияи Шарки кадим………………………………………..19
3.2. Демократияи асрхои миёна………………………………………....21
Хулоса………………………………………………………………………23
Номгуи адабиётхои истифодашуда……………………………………...24

Работа состоит из  1 файл

мафхуми демократия.doc

— 175.00 Кб (Скачать документ)

              Хар як форматсияи чамъияти – иктисоди зинахои муайяни инкишофро аз сар мегузаронад. Ин зинахо сохти ичтимои – синфии чамъиятро муайян мекунанд. Масалан, форматсияи капиталисти чор зинаи таракиётро дар бар мегирад: а) мануфактур; б) зинаи ракобати озод; в) капитализми монополисти; г) капитализми индустриали.

              Дар давоми ин чараёни таърихи шаклхои давлат низ тагйир меётанд, масалан, бо хам ивазшавии аристократия ва демократия. Синфи буржуазия дар рафти инкишофи форматсияи капиталисти накши гуногун бозидааст. Вай хукуки интихоботии “умуми” – ро чори кард, назарияи таксимоти хокимиятро амали гардонд ва гайра. Сохти синфии чамъият навъ ва шакли таърихии демократияро муайян мекунад.

              Аммо оид ба масъалаи мазкур дар адабиёт фикрхои мухталиф мавчуданд. Масалан, ба акидаи Ю.В. Шебанов демократия аз муносибатхои иктисоди ва синфи бармеояд ва вобаста ба ин ду навъи демократия вучуд дорад:

              1. Демократияи чамъияти сотсиалисти.

              2. Демократияи чамъияти истисморгар.

              Азбаски ба хар як форматсия давлати муайян хос аст, бинобар ин ба хар як навъи давлат низ демократия алохида хос аст. А.И Денисов бошад, чунин мехисобад, _________________________

1Общественно – экономические формации: проблемы истории и методологии. – М., 1968. – с. 80

 

ки демократияи ягонаи истиморгар вучуд надорад. Синфхои истисморгар хар кадар бошанд, навъхои демократияи истисморгар низ хамон кадар аст. Гузариш аз демократияи гуломдори ба феодали ва аз он ба буржуази боиси дигар шудани мохияти сиёсии онхо мегардад. Демократияхои гуломдори, феодали ва буржуази як навъи демократия нестанд. Хар яки онхо дорои мохияти сиёсии хеш буда, навъхои алохида мебошанд1.

              Ба акидаи мо, демократияхои гуломдори, феодали ва буржуази  харчанд  дорои

нишонахои умуми бошанд хам, аммо онхо сохиби нишонахои хусуси низ хастанд. Хамаи онхоро як навъи демократия пиндоштан мумкин нест. Чунки демократияи буржуазиро ба демократияи давраи то капиталисти дохил кардан хатост. Чамъияти токапиталисти аз чамъияти капиталисти фарки чидди дорад. синфхову табакахои чамъияти токапиталисти статуси ба худ хосро доранд, ки  дар хукуки одати ва ё дар конунгузори мустахкам шудаанд. Накши табака дар иктисодиёт ва статуси ичтимоиву сиёси бо хам мувофик нестанд. Танхо дар чамъияти капиталисти статуси ичтимоиву сиёсии шахсият ва табакаи ичтимои аз макеи иктисодии онхо пурра вобастаанд. Дар чамъиятхои токапиталисти накши асосиро манфиатхои гурухи ва шуури гурухи мебозанд. Барои хамин ба ин чамъиятхо характери табакотии муассисахои сиёси хос аст.

              Омили дигаре, ки навъ ва шакли таърихии демократияро муайян мекунад, навъ таърихии давлат аст. Набояд фаромуш кард, ки демократия яке аз шаклхои давлат ба шумор меравад. Ба акидаи В.С. Петров, навъи таърихии давлат ин мачмуи нишонахои мухими давлатхои як форматсияи чамъияти – иктисодист, ки умумияти асоси иктисоди, тобеияти синфи ва принсипхои ташкилу фаъолияти онхоро муайян мекунанд1. ба акидаи М.И. Байтин, навъи таърихии давлат ин низоми нишонахои асосии давлатхои як форматсияи чамъияти – иктисоди мебошад, ки умумияти иктисоди, мохияти синфи ва таъиноти ичтимоии онхоро ифода мекунанд2. Набояд фаромуш кард, ки навъхои гузарандаи давлат низ хастанд. М.И. Байтин ба чои мафхуми «навъхои гузарандаи давлат, мафхумхои ягонаи давлати ё шаклхои давлатхои аз як навъ ба навъи дигар гузарандаро» пешниход мекунад. Ба акидаи А.Е. Мушкин, шаклхои гузарандаи давлат мавчуд мебошанд3. Яъне таърихи инкишофи чамъият навъхои гузарандаи давлатро низ медонад. Вобаста ба ин навъхои гузарандаи демократия хам чой доранд, ки дар ин хусус дар поён сухан меронем. Вобаста ба асосхои навъбандии демократи навъхои зерини таърихии демократия чой доранд:

              Демократияи авлоди ва кабилави.

              1. Демократияи харби – хамчун навъи гузаранда аз чамъияти авлоди ба гуломдори ё феодали.

              2. Демократияи гуломдори.

              3. Демократияи феодалии табакави.

              4. Демократияи буржуази.

_____________________

1Денисов А.И. Виды социалистической демократии. – М., 1997. – с.34

2Петров В.С. Виды и формы государства. – Л., 1967. – с.21.

3Байтин М.И. Государство и политическая власть. – Саратов, 1972. – с.164

4Мушкин А.Е.Государство и право: исторические разновидности органов и норм общественного правления. – Л., 1969.с.26

 

5. Демократияи пролетари хамчун навъи гузаранда аз буржуази ба сотсиалисти.

              6. Демократияи инкилобии (миллии) кишвархои ру ба таракки нихода.

              7. Демократияи сотсиалисти.

              8. Демократияи либерали.

              9. Демократияи либерали – демократи.

              Чунинанд навъхои таърихии демократия. Навъбандии мазкур ба тарики зайл маънидод карда мешавад:

              1) Навъхои сирф демократия вучуд надоранд, хар як навъи таърихии демократия унсурхои навъхои гузаштаи демократияро дар худ нигох медорад.

 

              2) Ин Навъбанди имкон медихад, ки демократияхои на танхо Гарб, балки кишвархои Шарк, низ ба назар гирифта шаванд, зеро онхо дорои шаклхо ва хусусиятхои ба худ хосанд.

              Вале хар як навъи таърихии демократия дар минтакахои мухталифи олам бо шаклхои гуногун баромад менамояд. Зеро хар як кишвар дорои хусусиятхои бо худ хос аст, ки аз вазъияти таърихи, урфу одат ва анъанахои милли, психология ва маданиятхои халкхои дар он истикоматкунанда бармеоянд. Яъне ба таври дигар гуем, навъи демократия дар минтакахои гуногун шаклхои зиёди ифодаёби дорад. давлат хам дар кишвархои гуногун шаклхои мухталифро дорост (шаклхои гуногуни идоракунии сохти давлати ва режимхои сиёси). Аз ин нуктаи назар, шакли таърихии демократия гуфта, мачмуи хусусият ва нишонахоеро меномем, ки навъи таърихии демократияро дар кишвархои гуногуни чахон ташкил медиханд. Ба ибораи дигар, шакли таърихии демократия ин зохиршавии хусусияту нишонахои хоси як навъи демократия дар кишвархои чудогонаи чахон аст.

             

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

3. Тахлили хукукии рушди демократия ва мохияти сиёси – ичтимоии он

 

              Чи тавре кайд гардид, демократияи алоди аввалин навъи демократия аст. Демократия алоди дорои як катор нишонахо ва шаклхои умумияти ичтимоии одамон буд. Демократияи ин чамъиятро бо сабабхои зерин алодин номидан мумкин аст:

              1. Дар зинахои чамъияти ибтидои кабила мисли авлод накши калон надошт;

              2. Кабила, пеш аз хама, дорои умияти этники ва худуди буд, хамчун умумияти ичтимои хокимияти вай ахамият надошт.

              3. Пояи асосии ичтимои авлод буд.

Демократияи авлоди дорои нишонахои зерин аст:

1. Сохибиитиёрии аъзои авлод, ки ифодаи он мачлиси аъзоёни авлод буд;

2. Баробари;

3. Интихоби будани сардори авлод;

4. Ошкорбаёни дар чараёни идоракунии авлод;

5. Дорои характери чамъияти будани идоракуни, яъне набудани гурухи махсуси «идоракунандагон» ва набудани дастгохи мачбуркуни;

6. Чой надоштани меъёрхои махсуси хукуки.

Аммо демократияи авлдоди давраи алохидаи таърихи аст. Дар зинахои миёнаи инкишофи чамъияти ибтидои раванди идоракунии торафт характери мураккаб мегардид. Сохти ташкили идоракуни мураккаб мегардад, зеро он се шакули умумиятро дарбар мегирад: а) авлод, б) фратрия ва в) кабила. Шакли нави идоракуни ташаккул меёбад, ки хусусиятхои он чунинанд: харчанде, ки мавкеи авлод дар он мисли пештара калон буд, аммо ба сифати умумияти асосии ичтимоии худидорашаванда кабила баромад мекунад. Ин худидоракуни мисли пештара ба принсипхои иштироки озодона дар мачлисхои умуми, изхори зодонаи фикр, интихоби будани сардорони кабила асос ёфта буд. Демократияи авлоди функсияхои навро пайдо мекунад, ба монанди азнав таксим кардани заминхои оилави ва обшинаги; хифзи кабилахои бегона, сохтмони иншоотхои обёрикуни. Дар симои як шахс (сардори кабила) муттахид шудани функсияхои идоракуни ва мадани. Ду тамоюли ба хам мухталиф мушохида мешавад: коллективизм ва кушишхои ба таври фарди аз худ кардани махсули мехнат, замин, чорво. Азбаски ин шакл аз якчанд авлоду кабилахо иборатбуд, идоракунии он мураккаб гардида боиси ба вучуд омадани шурои сардорони авлоду кабилахо мегардад. Ваколатхои сардори кабила нисбат ба мачлиси халки торафт васеъ мешаванд, дар атрофии пешво аъёну ашрофон, хешу акрабон, рухониён муттахид мешаванд, ки функсияи идеологиро таъмин мекараданд, тавассути ин табака хокимияти пешво баъдтар чихати мероси пайдо мекунад.

Дар кишвархои Шарк, ки моликияти коллективи ба замин асархои зиёд боки мондааст, шакли худидоракунии обшинаги усутвор буд, ки он дорои чунин хусусиятхост: 1) молокияти коллективи ба замин, хамкори оид ба азхудкунии онхо; 2) хамкори оид ба азхудкуни ва истифодаи об, мехнати коллективи дар сохаи обёрикуни; 3) коллективияти шахрванди, ки хукукхои аъзои худро таъмин мекард, пеш аз хама, хукуки иштирок дар идоракунии обшина, ёрии хамдигари ва сохиби кардани замин1.

___________________________________

1Морган Л.Г. Древнее общество. – Л., 1934. – с.182

              Обшинаи дехот баъдтар хамчун хусусияти давлатдори дар Шарк дар чамъиятхои гуломдори ва феодали боки мемонад. Гуфтахои болоро чамъбаст намуда, ба хулосае меоем, ки демократияи авлоди шаклхои муайяни таърихи доштааст. Ин шаклхо чунинанд: 1) худидоракунии авлоди; 2) худидоракунии кабилави; 3) худидоракунии обшинаги. Макомоти гайридавлати чамъияти авлоди, ки дар боло тахлил шудаанд, бо баробари заволёбии чамъияти ибтидои ё ба «макомоти демократияи харби» ва ё ба «макомоти сиёси» табдил меёфтанд. Ба акидаи Л.Г. Морган демократияи харби дар он мархилаи чамъияти ибтидои ба вучуд омадааст, ки дар он рохбари ба кушун барои пеш бурдани амалиёти харби шакли асосии идоракуни мегардад. Обшина бошад, акнун сархади якчанд авлоду фратрияро дарбар гирифта ба идоракунии кабилави мубаддал мегардад. Дар баъзе минтакахо, масалан, дар обшинаи ирокезхо, конфедератсияи кабилахо ба вучуд меояд. Яъне агар пештар идоракунии доираи якчанд авлодро дарбар гирад, пас дар зинаи демократияи харби вай дар микёси нисбатан зиёд ба амал бароварда мешуд.

              Л.Г. Моргар якчанд нишонаи демократияи харбиро муайян намудааст, ки онхо чунинанд: 1) зинаи инкишофи чамъиятиро синф номидан мумкин нест; 2) дар он макомоти демократия амал мекунанд, ба монанди мачлиси халки, пешво ва сарлашкар.

              Дар адабиёт одатан демократияи харбиро мансуби он зинаи инкишофи муътадили муносибатхои патриархалии ба итмом расида медонанд, ки пеш будани амалиётхои чанги ахамияти калон пайдо мекунад. Дар зина мехнати гуломон ахамият пайдо мекунад. Масалан, хануз дар давраи падаршохи гуломон дар хона истифода мешуданд, ки он боиси тавлиди гуломи хонаги мегардид. Амалиётхои чанги бошанд, сарчашмаи асосии ба даст даровардани гуломон хисоб шуда, дар иктисодиёти обшина хамчун сарчашмаи иловагии рузгузарони баромад мекард1. Ф. Энгелс демократияи харбиро тахлил намуда, кайд намудааст, ки дар ин замина амалиётхои чанги боиси пуркувват шудани хокимияти сарлашкар мегарданд ва хокимияти онхо характери мероси мегирад. Яъне Акнун ба сифтати сарлашкар на хамаи аъзои чамъият, балки танхо ворисони у интихоб мешуданд. Чангхо ба кори доими табдил меёбанд. Бо максади мудофиа ва ё тохтузои харби барои ба даст даровардани гуломон ва боигари конфедератсияи якчанд кабилахо ташкил мешавад. дар дохили ин конфедератсия, азбаски хокимияти сарлашкар устувор мегардад, таксимоти функсияхои шахрванди ва харби мушохида мешавад.

              Аммо чангхо нишонаи ягонаи ин зинаи инкишофи чамъият нестанд. Дар ин давраи таърихи хамчунон протсесхои зерин низ ба назар мерасанд: мураккаб гардидани истехсолот, ки натичаи ташаккули куввахои истехсолкунанда аст2. Омили мазкур (масалан, васеъшавии истехсоли охан) имкон медод, ки хам олоти мехнат дар сохаи зироат ва хам яроку аслихаи харби такмил дода шавад. Дар натича нобаробарии молумулки, таксимоти фаъолияти хочаги ва муносибатхои молумулки, истисмори асрион ба чуд меояд. Ин протсесхо ягонагии обшинаи ибтидоиро таъмин карда наметавонистанд. Бинобар ин, обшина функсияи нави дохили пайдо мекунад, ки он барои таъмин сохтани ягонагии дохили, муташаккилии обшина равона гардида буд. Аз тарафи дигар функсияи нави беруни ба миён меояд, ки мазмуни он аз бастани созишхои харби бо кабилахои дигар иборат буд.

__________________________________

1Ковлер А.И..Смирнов В.В. Демократия и участие в политике. – М., 1986. – с.36

2Косвен М.О. К вопросу о военной демократии. – М., 1960. – с.245.

              Бахсхои доими акнун на дар мачлиси умуми, балки дар шурои кухансолони авлодхо хал мешуданд. Пешвои кабила акнун арбитри олии кабила буд. Мачлиси халки хам амал мекард. Он мисли шурои кухансолон ба макомоти доимиамалкунанда табдил меёфт. Сарлашкар низ хамчун макоми доими амалкунанда боки мемонд. Дар зинахои аввали демократияи харби хамаи аъзои чамъият дар идоракури иштирок мекарданд. Аммо дар охирхои демократияи харби дар кори мачлиси халки на хама, балки танхо чанговарон иштирк менамуданд. Дар даврахои осоишта бошад, дар он хамчунон сохибмулкон низ ширкат меварзиданд. Вале занхо, гуломон ва ашхоси аз дигар кабилахо хозиршуда аз доираи иштирокчиёни мачлиси халки сокит карда мешуданд. Яъне мачлиси халки давраи демократияи харби бо тамоми ахоли мувофик набуд. Азбаски дар ин зина кисми зиёди махсулоти изофа ва боигарии дар рафти чангхо ба даст омада аз чониби сардорони кабила аз худ карда мешуданд. Аксарияти аъзои чамъият аз идоракунии харруза дур карда мешуданд. Дар натича мавкеи аристократияи кабилави торафт мустахкам мешуд.

              Дар шароити демократияи авлоди барои иштирок дар кори макомоти чамъияти танхо як нишона ё асос вучуд дошт – синну сол, зеро маълум аст, ки кудакон дар он манфиатдор нестанд. Дар зинаи демократияи харби бошад, махдудиятхои нав пайдо мешаванд. Масалан, дар дохили кабилахои хиндухои Амрикои Шимоли дар фаъолияти шурои кабилави танхо 4 гурухи одамон ширкат меварзиданд: а) пешвоёни шахрванди, яъне пешвоён функсияи харбиро ичро намекарданд; б) сарлашкарон; в) рухониён; г) чанговарони мохир1.

              Дар ин зина дар хаёти обшина накши асосиро аристократияи кабилави мебозид. Пештар хокимияти пешвои авлод аз кухансолони обруманди онхо асос меёфт. Акнун хокимият ва кувваи онхо аз боигари, мавкеи чамъияти, хокимияти сарлашкар бошад, аз хизматхои харбии у назди кабила, кобилияту музаффариятхояш вобаста буданд. Дар атрофии сарлашкар гурухи чаговароне муттахид мешаванд, ки обруву нуфузи вайро таъмин мекарданд. Омили дигаре, ки боиси мустахкам шудани мавкеъ аристократияи кабилави мегардад, ин афзалият пайдо кардани шакли кабилави идоракуни нисбат ба идоракунии авлод буд. Омили мазкур боиси вайроншавии ягонаги ва умумияти хуниву авлоди одамон мегардад.

Информация о работе Демократия ва намудхои он