Сарсухан

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 02 Июля 2013 в 11:31, реферат

Описание

Ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амсоли дигар соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ дорои предмети танзим, усули танзимсозӣ, принсипҳо ва сарчашмаҳои ба худ хос мебошад. Принсипҳои ҳуқуқ гуфта ақидаҳо, асосҳои пешбарандаи ҳуқуқро меноманд, ки аз ақидаҳои баробарӣ, озодиву адолат бармеоянд ва моҳияти ҳуқуқро ифода мекунанд. Баробари, озодӣ ва адолат - принсипҳои пешбарандаи ҳуқуқ буда, дар муҳимтарин санадҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам мешаванд. Чун ақидаҳои марказии ҳуқуқи фитрй онҳо пеш аз ҳама дар санадҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ дарҷ ёфта, сипас дар қонунҳои давлатҳои ҷудогона мушаххас мегарданд. Чунончи, Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои асосии баробарӣ, адолату озодии инсонро мустаҳкам кардааст, ки дар қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мушаххастар мегарданд.

Работа состоит из  1 файл

Принсипи мехнат бо ислохот.doc

— 225.50 Кб (Скачать документ)

Сарсухан

 

Ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амсоли дигар соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ дорои предмети танзим, усули танзимсозӣ, принсипҳо ва сарчашмаҳои ба худ хос мебошад. Принсипҳои ҳуқуқ гуфта ақидаҳо, асосҳои пешбарандаи ҳуқуқро меноманд, ки аз ақидаҳои баробарӣ, озодиву адолат бармеоянд ва моҳияти ҳуқуқро ифода мекунанд. Баробари, озодӣ ва адолат - принсипҳои пешбарандаи ҳуқуқ буда, дар муҳимтарин санадҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам мешаванд. Чун ақидаҳои марказии ҳуқуқи фитрй онҳо пеш аз ҳама дар санадҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ дарҷ ёфта, сипас дар қонунҳои давлатҳои ҷудогона мушаххас мегарданд. Чунончи, Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои асосии баробарӣ, адолату озодии инсонро мустаҳкам кардааст, ки дар қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мушаххастар мегарданд.

Дар баробари ҳуқуқ, ба меҳнат ҳар кас ба ҳифзи меҳнат, шароити бехатар ва мусоиди кор ҳуқуқ, дорад.

Ҳифзи меҳнат аз маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ташкиливу техники, санитарию беҳдоштӣ, муолиҷавию пешгирикунанда, офиятӣ ва дигар тадбирҳое иборат аст, ки онҳо ба мақсади таъмини амнияти ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ хизмат мекунанд.

Дар тамоми ташкилотҳо бояд шароити меҳнат, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгу бошад, муҳайё карда шавад. Муҳайё кардани чунин шароит вазифаи корфармо мебошад.

Ба мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқи конститутсионӣ ба ҳимояи иҷтимоӣ давлат як қатор кафолатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилиро муқаррар намудааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" давлат ба шаҳрвандони бекор кафолатҳои зеринро медиҳад:

- мусоидати ройгон  дар интихоби кори мувофиқ, ва бо кор таъминкунӣ тавассути миёнаравии мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ;

- самтгирии ройгони касбӣ, тарбия ва бозомузии касбӣ, такмили ихтисос дар асоси роҳхати мақомоти хадамоти давлатии шуғл;

- таъмини дастгирии иҷтимоӣ;

-  ҷуброни хароҷоти моддӣ бо сабаби ба маҳалли дигар бо роҳхати хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор (Омӯзиш) равон намудан;

-  имконияти бастани шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ барои иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок, ки бо дарназардошти синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон ташкил карда мешаванд.

Давлат ҳангоми бекор мондан кафолатҳои зеринро медиҳад: - додани имтиёз ва ҷубронпулӣ ба кормандони аз корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз кор озодгардида;

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  1. Мафҳум, аҳамият ва таснифи принсипҳои ҳуқуқӣ

 

Истилоҳи принсип аз Истилоҳи лотинии «principum» маншаъ гирифта, маънои «асос» ё «ибтидо»-ро ифода менамояд.

Омӯзиши принсипҳои ҳуқуқӣ ва аҳмияти онҳо дер боз дар маркази таваҷҷӯҳи муҳаққикони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ қарор дорад.

Дар назарияи ҳуқуқ зери мафҳуми принсипҳои ҳуқуқӣ ғояҳои роҳбарикунанда, асос, ибтидо фаҳмида мешаванд, ки моҳият, хусусиятҳои асосӣ ва самти умумии такмили меъёрҳои ҳуқуқиро дар ҳудуди низоми ҳуқуқ ё соҳаҳои алоҳидаи он ё институтҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ ифода менамоянд1. Ҳамоно дар адабиёти ҳуқуқӣ ақидаи дигаре иброз шудааст, ки тибқи он танҳо чунин ғояҳои роҳбарикунандае ба сифати принсипҳои ҳуқуқӣ эътироф мешаванд, ки агар онҳо дар меъёрҳои ҳуқуқӣ дарҷ шуда бошанд2. Ба андешаи мо маҳз чунин нуқтаи назар ҷоизтар ва бештар кобили қабул аст.

Агар ҳуқуқ дар шакли раводид, фармоиш, амр, манъкуни ифода ёбад, меъёри ҳуқуқи тарзу намунаи рафтори одамон, ташкилотҳо ва дигар субъектҳои ҳуқуқро дар шароятҳои гуногуни ҳаётӣ муқаррар менамояд. Ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд аз ғояҳои роҳбарикунанда ибтидо гирифта, онҳоро дар худ дарҷ ва таҷассум намоянд.

Принсипҳои ҳуқуқ на танҳо дар марҳалаи ҳуқуқэҷодкунӣ, инчунин дар ҷараёни шарҳу эзоҳ ва татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ нақши муҳимро мебозанд. Маҳз принсипҳои ҳуқуқ имкони  шарҳу эзоҳи моҳият ва мазмуин меъёрҳои ҳуқуқиро фароҳам оварда, татбиқи дурусти онҳоро таъмин менамоянд.

Аз ин рӯ, принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ тавъам буда, бидуни якдигар ҷой дошта наметавонанд. Бо вуҷуди ин якзайлу якмаъно пиндоштани принсипҳои ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳуқуқи нодуруст мебуд. Принсипҳои ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ бо чанд аломати худ тафовути ҷидди доранд. Якум, гарчанде принсипҳои  ҳуқуқ таъсири муҳими танзимнамоиро доро бошанд ҳам, чун меъёрҳои ҳуқуқӣ тарзу намунаи рафтори мушаххасро муайян намесозанд ва тавассути онҳо танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои мушаххаси ҷамьиятӣ аз имкон берун аст. Дуюм, принсипҳои ҳуқуқ тамоми унсурҳои меъёри ҳуқуқиро (фарзия, диспозитсия, муҷозот) доро нестанд. Сеюм, принсипҳои ҳуқуқ дар қиёс бо меъёрҳои ҳуқуқӣ дарозумру пойдортар буда, на танҳо моҳият ва мазмуни меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда, балки меъёрҳои ҳуқуқии минбаъдаро муайян намуда, дар дуруст татбиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҳанӯз танзими худро наёфта, яъне дар мукаммал намудани қонунгузорӣ, кумак мерасонанд. Чорум, принсипҳои ҳуқуқ ҳамчун асосу таҳкурсӣ барои дар низоми ягонаи ин ё он соҳаи ҳуқуқ муттаҳид намудани меъёрҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ хизмат мекунанд. Ба ибораи дигар принсипҳои ҳуқуқ категорияҳое мебошанд, ки тавсифи чамъбастшуда ва хулосавии мазмуни системаи бутуни ҳуқуқ ё соҳаҳои алоҳидаи он ё институтҳои алоҳидаи ҳуқуқро дар худ таҷассум менамоянд. Ва дар ниҳоят принсипҳои ҳуқуқ дар баробари предмет, услуб ва маъхазҳо, ҳамчун маҳак барои эътироф намудани ин ё он соҳаи ҳуқуқ хизмат мекунанд.

Принсипҳои ҳуқуқ на танҳо аз меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки аз шуури ҳуқуқӣ низ тафовут доранд. Шуури ҳуқуқӣ аз ақидаю мулоҳизаи одамон, баҳои онҳо нисбати меъёрҳои ҳуқуқии амалнамуда ва амалкунанда, инчунин нисбати принсипҳои тамоми системаи ҳуқуқ ва принсипҳои соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ иборат аст.

Дар маъхазҳои илмӣ ва таълимӣ принсипҳои ҳуқуқ ба се гурӯҳ таҷзия шудаанд: принсипҳои умумиҳуқуқӣ; принсипҳои байнисоҳавӣ ва принсипҳои соҳавӣ.

Принсипҳои умумиҳуқуқӣ принсипҳое мебошанд, ки хоси тамоми соҳаҳои ҳуқуқанд (принсипҳои қонуният, адолат, инсондӯстӣ, баробарҳуқуқии ҳама дар назди қонун, демократизм ва ғайра). Принсипҳои байнисоҳавӣ бошанд, принсипҳоеро меноманд, ки хоси якчанд соҳаҳои ҳуқуқ мебошанд. Масалан, принсипи озодӣ ва подоши меҳнат, ҳифзи моликият дар қисматати ба татбиқи меҳнат алоқаманд на танҳо ба ҳуқуқи меҳнатӣ, инчунин ба ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ, маъмурӣ низ хосанд.

Принсипҳои  соҳавӣ   бошанд,   чунин   принсипҳое  мебошанд,   ки  хусусияти  хоси  меъёрҳои соҳаи алоҳидаи ҳуқуқро ифода менамоянд. Мисоли равшани принсипи соҳавӣ, принсипи таъмини иштироки кормандон дар идоракунии ташкилот, принсипи шарикии иҷтимоӣ, принсипи таъмини ҳуқуқи кормандон ба суғуртаи иҷтимоӣ ва дигар принсипҳо мебошанд, ки танҳо ба ҳуқуқи меҳнатӣ хосанд.

Масоили принсипҳои ҳуқуқ на танҳо мавриди таваҷҷӯҳи тадқиқотчиёни назария ҳуқуқ, балки олимони соҳаи ҳуқуқи меҳнатӣ низ қарор гирифтаанд. Агар олими намоёни соҳаи ҳуқуқи меҳнатӣ Н.Г.Александров принсипҳои ҳуқуқро ба принсипҳои умумӣ, байнисоҳавӣ ва дохилисоҳавӣ таҷзия намуда бошад3, В.А.Андреев боз ба дигар гурӯҳи принсипҳои ҳуқуқи, яъне принсипҳои институтҳои алоҳидаи соҳаҳои ҳуқуқ ишора намудааст4.

Принсипҳои байнисоҳавии ба меҳнат алоқаманд, дар маъхазҳои таълимӣ ҳамчун принсипҳои танзими ҳуқуқии меҳнат ном гирифтаанд. Принсипҳои соҳавии ҳуқуқи меҳнатӣ бошанд, ҳамчун воситаи мушаххасгардонии принсипҳои байнисоҳавӣ мутобиқ ба муносибатҳои меҳнатӣ ва меъёрҳои танзимкунандаи онҳо баромад мекунанд5.

Ба вуҷуди ин, принсипҳои танзими ҳуқуқии меҳнат ва принсипҳои соҳавии ҳуқуқи меҳнатро комилан айниятдошта ҳисобидан хато мебуд, чунки сарфи назар аз шабеҳияти зохирӣ ҳар яке аз ин гурӯҳи принсипҳо дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошанд.

 

 

2. Принсипҳои байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнат

 

Принсипҳои байнисоҳавӣ чунин принсипҳоеро меноманд, ки ҳамзамон ба ду ё зиёда соҳаҳои ҳуқуқ таалуқ дошта, ягонагии дохилӣ ва самтҳои ташаккули меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои мушобеҳро муайян месозанд. Ба муносибатҳои мушобеҳ, аз ҷумла муносибатҳое мансубанд, ки дар бахши татбиқи меҳнат ба вуҷуд омада, тавассути на танҳо меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, инчунин то дараҷае бо истифода аз меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ ва маъмурӣ низ танзим мешаванд. Пас принсипҳое мавҷуданд, ки дар қисматати татбиқи меҳнат ба ҳуқуқи меҳнатӣ, гражданӣ ва маъмурӣ таалуқ доранд.

Л.А.Сыроватская ба принсипҳои зайли байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнат ишора менамояд:

1)  озод будани меҳнат ва имконияти озодона ихтиёрдорӣ намудан аз қобилият ба меҳнат, интихоби навъи фаъолият ва касб;

2) манъ будани меҳнат иҷборӣ ва ҳифозат аз бекорӣ;

3) ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ;

4) ҳуқуқ ба маълумот;

5) ҳуқуқ ба муттаҳид шудан;

6)   кафолати фаъолияти  озодонаи созмонҳои ҷамъиятӣ;

7) ҳуқуқ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо бо истифода аз тамоми тарзу василаҳои манънашудаи қонун;

8)    ҳуқуқ ба подоши меҳнат бе ҳеҷгуна маҳдудсозӣ ва на камтар аз ҳадди ақали муқарраршудаи музди меҳнат;

9)       ҳуқуқ ба истироҳат1.

Ба андешаи мо номгуи пешниходшудаи принсипҳои байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнатро бо илова намудани принсипи ҳифзи моликият мукаммалтар намудан ба мақсад мувофиқ мебуд.

Ҳар яке аз ин принсипҳои байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнат, ё ба ибораи дигар принсипҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ аник, гашта, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳуқуқи меҳнатӣ мушаххас мегарданд. Масалан, принсипи озод будани меҳнат ва имконияти озодона ихтиёрдорӣ намудан аз қобилияти меҳнатӣ, интихоби навъи фаъолият ҳамчун принсипи байнисоҳавии танзими меҳнат бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳуқуқи меҳнатӣ ба принсипи озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, принсипи ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ бошад, ба принсипи соҳавии ҳуқуқи меҳнатӣ, яъне принсипи ҳуқуқи корманд ба шароитҳои бехатар ва солими меҳнатӣ табдил меёбанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

3. Таркиб ва мазмуни принсипҳои асосии ҳуқуқи меҳнати

 

Принсипҳои байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнат дар соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, аз ҷумла дар ҳуқуқи меҳнатӣ мушаххас ва эзоҳ гашта, хусусиятҳои хоси татбиқи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандон ҳамчун иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманди ҷамъиятиро таҷассум менамоянд.

Муайян намудани таркиб ва мазмуни принсипҳои соҳавии ҳуқуқи меҳнат на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки аҳамияти муҳими амалӣ дорад.

Л.А.Сыроватская ба 7 принсипи асосии ҳуқуқи меҳнатӣ, ки шакли мушаххасгаштаи 7 принсипи байнисоҳавии танзими ҳуқуқии меҳнат мебошанд, ишора менамояд6.

И.К. Дмитриева7 бошад, ба бист номгӯи принсипҳои асосии ҳуқуқи меҳнатӣ ишора мекунад, чунончӣ:

1) принсипи озод будани меҳнат, аз ҷумла ҳуқуқ ба меҳнат;

Озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз принсипи меҳнатӣ озод маншаъ гирифта, ҳамзамон худ таҷҷассумгари принисипи меҳнати озод мебошад. Меҳнати озод яке аз унсурҳои муҳимтарини озодии инсон ва шаҳрванд маҳсуб мешавад, ки онро Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (моддаи 23), Мушоҳидаи байналхалкӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангй (моддаи 6) эълон доштаанд ва он дар Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ (моддаи 35) ҳамчун ҳуқуқи умда дар бахши меҳнат сабт шудааст.

Интихоби озодонаи навъи фаъолият ва касб, ихтиёрдории озодона аз қобилияти меҳнатӣ, манъи маҳдудсозии ҳуқуқ, дар муносибатҳои меҳнатӣ ва манъи меҳнатӣ иҷборӣ, ҳифзи меҳнат, ҳуқуқ ба шароитҳои одилонаю мусоиди меҳнатӣ ва музди баробар барои иҷрои кори баробарқиммат, таҷассумгари меҳнатӣ озод мебошанд.

Зиёда аз он, озодии меҳнат ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат бояд барои шаҳрвандон кафолатҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро дар ҷодаи меҳнат, эҷоди шароитҳои барои ҳаёт сазовор, камолоти касбӣ ва шахсият пешбинӣ намояд.

Озодии   меҳнат   дар   хусусияти   шартномавӣ доштани муносибатҳои меҳнатӣ зоҳир мегардад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мисли ҳамагуна созишнома озодии ирода ва изҳори озодонаи иродаро дар назар дорад. Аз ин рӯ, ҳамагуна зуҳуроти фишор, зуроварӣ ва гумроҳсозӣ ҳангоми бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва муайян намудани мазмуни он, боиси беэътибор донистани тамоми шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё як қисматати он мегардад.

Тибқи муқаррароти қ. 2 моддаи 8 КМ ҶТ маҷбурият дар бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ норавост, ба ғайр аз мавридҳои дар КМ ҶТ, дигар қонунҳо ва ё тибқи ӯҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо пешбинишуда.

Озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ на танҳо дар марҳалаи бастани шартнома (қарордод), инчунин дар марҳалаи тағйир ва катъшавии он низ бояд таъмин гардад.

Муқаррароте ҷой дорад, ки тибқи он корфармо наметавонад яктарафа, бидуни ризояти корманд ҷои кор ва функсияи меҳнатии ӯ, инчунин шарту шароитҳои муҳими шартномаи (қарордоди) меҳнатиро тағйир диҳад, ғайр аз мавридҳои муқаррарнамудаи қонун.

Зуҳуроти озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дар марҳалаи катъшавии он низ бараъло дидан мумкин аст (масалан, дар мавриди бекор намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд).

2) принсипи манъи ҳамагуна маҳдудият дар бахши меҳнат;

Ҳамаи шаҳрвандон дар бахши муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ имконияти баробар доранд.  Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз руи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ, ранги пуст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезананд, манъ аст (моддаи 7 КМ ҶТ).

Информация о работе Сарсухан