Сарсухан

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 02 Июля 2013 в 11:31, реферат

Описание

Ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амсоли дигар соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ дорои предмети танзим, усули танзимсозӣ, принсипҳо ва сарчашмаҳои ба худ хос мебошад. Принсипҳои ҳуқуқ гуфта ақидаҳо, асосҳои пешбарандаи ҳуқуқро меноманд, ки аз ақидаҳои баробарӣ, озодиву адолат бармеоянд ва моҳияти ҳуқуқро ифода мекунанд. Баробари, озодӣ ва адолат - принсипҳои пешбарандаи ҳуқуқ буда, дар муҳимтарин санадҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам мешаванд. Чун ақидаҳои марказии ҳуқуқи фитрй онҳо пеш аз ҳама дар санадҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ дарҷ ёфта, сипас дар қонунҳои давлатҳои ҷудогона мушаххас мегарданд. Чунончи, Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои асосии баробарӣ, адолату озодии инсонро мустаҳкам кардааст, ки дар қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мушаххастар мегарданд.

Работа состоит из  1 файл

Принсипи мехнат бо ислохот.doc

— 225.50 Кб (Скачать документ)

Фарқият дар соҳаи меҳнат вобаста ба талаботи хосаи навъи муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба ашхосе, ки муҳтоҷи ҳимояи хоси иҷтимоӣ мебошанд (занон, ноболиғон, маъюбон), маҳдудсозии (поймолкунии) ҳуқуқ, намебошад.

Ашхосе, ки дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд, метавонанд бо аризаи дахлдор ба суд муроҷиат намоянд.

Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ (моддаи 35) ҳуқуқи ҳар касро ба меҳнат кафолат медиҳад, аз он ҷумла дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудиятро манъ мекунад. Талаботи ин меъёри конститутсионӣ дар КМ ҶТ мушаххас гардонида шудааст.

Мазмуни маҳдудсозӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ, ки дар КМ ҶТ сабт шудааст бо мазмуни моддаи 1 Конвенсияи №111 СБМ «Дар бораи маҳдудсозӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғл» (санаи қабул 5 июли соли 1958 ва санаи амали он 15 июни соли I960) якхела мебошад.

Қисмати 2 моддаи 7 КМ ҶТ ҳолатҳоеро номбар кардааст, ки ҳамчун асоси фарқиятгузорӣ дар соҳаи меҳнат, маҳдудсозии ҳуқуқ эътироф намегарданд. Яке аз ҳолатҳои номбурда «талаботи хосаи навъи муайяни кор» мебошад. Навъи корҳое (ихтисосҳое) мавҷуданд, ки шартҳои дахлдори зарурии ба кор қабул кардани шаҳрвандонро талаб менамоянд. Касбҳое ҷой доранд, ки аз шаҳрванд доштани маълумоти зарурии касбӣ ва собиқаи кориро талаб менамоянд, ё ин, ки мансабҳое ҷой доранд, ки ишғоли онҳо аз вазъи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад. Масалан, аз рӯи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (моддаи 9),    ба    хизмати    давлатӣ    танҳо    шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 солагӣ расидаанд,      қабул      карда      мешаванд.      Чунин фарқиятгузорӣ маҳдудсозии ҳуқуқ эътироф карда намешавад.

Ба    сифати    ҳолати    дигар    ҳамчун    асоси фарқияти имконпазир, «ғамхории махсуси давлат» нисбат ба ашхосе, ки ниёзманди ҳимояи хоси иҷтимоӣ мебошанд (занон, ноболиғон, маъюбон) маҳсуб мегардад. Чунин талабот баҳри ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқхои гурӯҳи номбурдаи ашхос равона шудааст. Аз руи талаботи КМ ҶТ (моддаҳои 160,177) ноболиғон, занон ба корҳои шароиташон вазнин рох дода намешаванд.

Ҳолатҳои номбурда, яъне ба корҳои муайян роҳ надодани гурӯҳи ашхос ё ин, ки имтимёз нисбати ишғоли касбҳои муайян, ки ба хусусиятҳои хоси касбӣ асос ёфтаанд ва бо қонун ба танзим дароварда шудаанд, ҳамчун маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ эътироф намегарданд. Ин ҳолатҳо тибқи талаботи Конвенсияи №111 низ маҳдудсозӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳисоб намеёбанд.

Тибки талаботи қисмати 4 моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ дар корҳои вазнин, зеризамини ва шароити меҳнаташон зарарнок истифода намудани меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст. Ин талаботи Конститутсияи ҶТ дар КМ ҶТ мушаххас шудааст.

Моддаи 160 КМ ҶТ кор фармудани занонро дар корҳои зеризаминй, дар корҳои шароиташон зарарнок, манъ менамояд. Айнан чунин талабот нисбати истифодаи меҳнати ашхоси аз хаждахсола хурд низ пешбинӣ шудааст (моддаи 177 КМ ҶТ). Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи   иҷтимоии    маъюбон     дар     Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 34) муқаррар шудааст, ки дар мавриди бо хулосаи ташхиси тиббӣ-иҷтимоӣ тасдиқ шудани ҳолати (вазъи) саломатии маъюб, ки ба иҷрои вазифаи касбӣ монеъ мешавад ва ё ин, ки он ба саломатӣ ё амнияти (бехатарии) меҳнати дигар шахсон таҳдид мекунад, бо маъюбон дар бастани шартномаи меҳнатӣ, ба вазифаи баланд гузаронидани онҳо, давом додани меҳнат рад карда мешавад.

Мутобиқи талаботи моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Аз ин рӯ, мазмуни қисмати сеюми моддаи 7 КМ ҶТ ба талаботи Конститутсияи ҶТ мувофиқ аст. Ашхоси     дар     муносибатҳои     меҳнати     тахти маҳдудкунй дучоргашта, ҳуқуқ, дорад бо аризаи даъвогй ба суд муроҷиат намоянд. Ҳангоми муроҷиат ба суд, аризадиханда ухдадор аст талаботхои  мурофиавии   гражданиро   нисбати   пешниходи даъво риоя намояд. Дар мавриди тасдиқ гаштани маҳдудсозии ҳуқуқхои меҳнатии аризадиханда, санади дахлдори суди қабул карда мешавад.

КМ ҶТ (моддаи 197) барои вайрон кардани қонунгузории меҳнати дар масъалаи аз кор озод кардан, аз ҷумла бо асоси маҳдудсозии ҳуқуқхои меҳнати, ба ғайр аз ҷуброни зарари моддӣ, инчунин ҷуброни зарари маънавиро пешбинӣ кардааст. Ҷуброни маънавй новобаста аз ҷуброни зарари моддӣ руёнида мешавад. Андозаи ҷуброни зарари маънавиро қонун муайян накардааст ва муайян кардани он дар ҳар як ҳолати мушаххас ба салохияти суд дода шудааст.

Ғайр аз ин, қонунгузории чиноятй (моддаи 143 Кодекси чиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дидаю дониста вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон, маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон вобаста ба чинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, муносибат ба  дин ва  монанди   он  ҷавобгарии чиноятиро муқаррар кардааст.

3) принсипи манъи меҳнати иҷборӣ; Манъ будани меҳнати иҷборӣ талаботи конститутсионӣ  мебошад (қисмати сеюми моддаи  35 Конститутсияи ҶТ). Қисмати якуми моддаи 8 КМ ҶТ ин коидаро айнан такрор менамояд. Аммо моддаи зикргардидаи КМ ҶТ Мафҳуми меҳнати ичбориро надодааст.   Ғайр   аз  ин,   дар   КМ  ҶТ   шаклхои меҳнати иҷборӣ низ номбар карда нашудаанд. Дар моддаи 1 Конвенсияи СБМ «Дар бораи барҳам додани меҳнати иҷборӣ» №105 (санаи қабул 25 июни соли 1957 ва санаи амал  17 январи соли 1959) шаклхои зухуроти меҳнати иҷборӣ номбар шудаанд. Мутобиқи коидаи муқаррарнамудаи Конвенсияи   зикргардида,   ҳар   як   давлати   узви   СБМ ухдадор аст меҳнати ичбориро барҳам дихад ва кушиши дар ягон шакл истифода намудани онро нанамояд, масалан, аз меҳнати маҷбурй ба сифати:

а) василаи таъсиррасонй ё тарбия, ё ба сифати чораи чазо барои доро будан ва ифода намудани ақидаи сиёсӣ ё эътикоди гоявии хилофи низоми мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодӣ;

б) усули сафарбарй  ва истифодаи кувваи кори баҳри рушди иқтисодиёт;

в)  усули пуштибонй аз интизоми меҳнат ва тахкими он;

г) муҷозот барои иштирок дар корпартой;

д)  чораи маҳдудкунй аз руи мансубияти нажодӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, диннй истифода накунад.

Ҳар шахс дар интихоби касб ва ҷои кор аз руи қобилияти худ озод мебошад. Дар ҳалли ин масъала набояд маҷбуркунй рох дода шавад. Шахс вобаста ба қобилияти худ дар бораи аз руи ихтисоси муайян ва дар ҷои муайян машгул шудан ба меҳнат бо корфармо озодона шартнома баста, шарту шароити онро муайян месозад. Инчунин, у бо хохиши худ озодона метавонад катъ намудани чунин шартномаи (қарордодй) меҳнатиро талаб намояд.

Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ (қисмати сеюми моддаи 35) пешбинӣ намудааст, ки қонунгузор ҳуқуқ, дорад дар қонун кору меҳнатеро пешбинӣ намояд, ки маҷбурй эътироф карда намешаванд. Дар қисмати дуюми моддаи 8 КМ ҶТ ҳолатҳое номбар шудаанд, ки кору меҳнати маҷбурй намебошанд:

1) корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонун оид ба хизмати ҳарбй талаб карда мешавад;

2)  корҳое, ки иҷрои онҳо дар шароити ҳолатҳои фавкулодда ҳангоми тахти хатар будани ҳаёт, амнияти шахси ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;

3)  корҳое, ки дар натичаи эътибор пайдо намудани хукми суд талаб карда, тахти назорати ақидаи сиёсӣ ё эътикоди гоявии хилофи низоми мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодӣ;

б) усули сафарбарй  ва истифодаи кувваи кори баҳри рушди иқтисодиёт;

в)  усули пуштибонй аз интизоми меҳнат ва тахдими он;

г) муҷозот барои иштирок дар корпартой;

д)  чораи маҳдудкунй аз руи мансубияти нажодӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, диннй8 истифода накунад.

Ҳар шахс дар интихоби касб ва ҷои кор аз руи қобилияти худ озод мебошад. Дар ҳалли ин масъала набояд маҷбуркунй рох дода шавад. Шахс вобаста ба қобилияти худ дар бораи аз руи ихтисоси муайян ва дар ҷои муайян машгул шудан ба меҳнат бо корфармо озодона шартнома баста, шарту шароити онро муайян месозад. Инчунин, у бо хохиши худ озодона метавонад катъ намудани чунин шартномаи (қарордодй) меҳнатиро талаб намояд.

Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ (қисмати сеюми моддаи 35) пешбинӣ намудааст, ки қонунгузор ҳуқуқ дорад дар қонун кору меҳнатеро пешбинӣ намояд, ки маҷбурй эътироф карда намешаванд. Дар қисмати дуюми моддаи 8 КМ ҶТ ҳолатҳое номбар шудаанд, ки кору меҳнати маҷбурй намебошанд:

1) корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонун оид ба хизмати ҳарбй талаб карда мешавад;

2) корҳое, ки иҷрои онҳо дар шароити ҳолатҳои фавкулодда ҳангоми тахти хатар будани ҳаёт, амнияти шахсй ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;

3)  корҳое, ки дар натичаи эътибор пайдо намудани хукми суд талаб карда, тахти назорати мақомоти давлатӣ, ки масъули назорати қонуният иҷрои хукми суд мебошанд, иҷро карда мешаванд.

Ҳолати якум бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ухдадории умумии ҳарбй ва хизмати ҳарбй» пешбинӣ шудааст. Тибқи Қонуни мазкур, хукуматхо барои гузаронидани чорабинихои вобаста ба иҷрои ухдадории умумии ҳарбй, духтурон - муттахассисон, хайати миёнаи тиббй, дигар мутахассисон ва кормандони техникиро чалб менамоянд. Яъне шахсони номбурда вазифаи худро берун аз шартномаи меҳнатӣ иҷро менамоянд. Ҳолати дуюм дар иртибот бо вазъияти фавқуллода, тахти хатар будани ҳаёт, амнияти шахс ва ё саломатии аҳолӣ муқаррар шудааст. Мутобиқи талаботи моддаи 6 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқуллода», дар давраи вазъияти фавқуллода роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зарурӣ кормандонро бе розигии онҳо ба кори дигар, ки дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ нашудааст, гузаронанд. Ҳолати сеюм ба хукми суд ва салохияти макоми иҷрокунандаи хукм алоқаманд аст. Тибқи к. 1 моддаи 52 КМ ҶТ дар асоси хукми суд ба махкумшуда мумкин аст чазо дар намуди корҳои ислохи меҳнатӣ дар ҷои кори у ё дар ҷойхои аз ҷониби макоми иҷрокунандаи хукм муайянкарда, вале дар нохияи истикомати махкумшуда ба мухлати аз ду мох то ду сол таъин карда шавад. Ҳамзамон к. 4 моддаи мазкур таъини корҳои ислохиро барои ашхоси   ба   синни   16   сола   нарасида   ва   занони хомиладор манъ менамояд. Дар ин маврид қонунгузор муқаррар кардааст, ки шахси адокунандаи чазоро ба ихтиёри шахси алоҳида ё ширкати хусусй гузоштан мумкин нест. Чунин талабот баҳри ҳимояи саломатӣ, ҳуқуқу манфиатхои қонунии шахси ба корҳои ислохи меҳнатӣ махкумшуда равона шудааст.

4)  принсипи химоя  аз бекорӣ ва мусоидат ба шуғлмандӣ;

Принсипи мазкур аз моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ маншаъ гирифта, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», моддаҳои дахлдори КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба танзими квотакунонии ҷойхои кори бахшида шудаанд, ифодаи худро меёбад.

5) принсипи таъмини ҳуқуқи ҳар як корманд ба шароитҳои одилонаи меҳнат;

Ин принсип, ки ба муқаррароти моддаи 7 Мушоҳидаи оид ба ҳуқуқхои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангй ва моддаи 35 Конститутсияи ҶТ асос ёф-тааст, дар бобхои 5 (Вакти кор), 6 (Вакти дамгирй), 7 (Музди меҳнат), 71 (Меъёрҳои меҳнат ва нархномахои корбайъ), 8 (Пардохтхои кафолатй ва ҷубронй), 11 (Ҳифзи меҳнат) КМ ҶТ мушаххас гашта, бо кафолатҳои зарурӣ таъмин шудааст.

6)   принсипи баробарии ҳуқуқу имкониятхои кормандон;

Асоси принсипи мазкурро принсипи конститутсионии дар моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ муқарраршуда ташкил дода, он дар моддаи 7 (Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ), к-2 моддаи 102 (Кафолатй пардохти музди меҳнат) КМ ҶТ мушаххас ва сахехтар сабт шудааст.

7) принсипи таъмини ҳуқуқӣ кормандон ба пардохти айнивақтӣ ва одилонаи музди меҳнат;

Ин принсип аз моддаи 35 Конститутсияи ҶТ ва моддаи 7 Мушоҳидаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқхои иқтисодӣ иҷтимоӣ на фархангй ибтидо гирифта, ифодаи мушаххаси худро, аз ҷумла дар моддаҳои 101 (Муқаррар намудани музди меҳнат), 102 (Кафолати музди мехмат), I021 (Кафолати давлатӣ ба пардохти музди меҳнат), 103 (Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва г.), 1042 ( Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон), 1045 (Тагйир додани шартҳои музди меҳнат), 108 (Мухлати додани музди меҳнат), 109 (Нигох доштани маблаг аз музди меҳнат) КМ ҶТ ёфтааст.

8) принсипи таъмини  имконоти баробар ба кормандон ҷиҳати пешбари ба вазифаи (кори) баландтар, омодасози на бозомодагии касбӣ ва такомули ихтисос;

Принсипи мазкур aз м.7 Мушоҳида оид ба Ҳуқуқхои иқтисоди, иҷтимои ва фарханги инчунин аз моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ маншаъ гирифта, дар моддаҳои дахлдори КМ ҶТ, масалан, м. 184 (Муҳайё кардани шароит ба пешбурди якчояи ко рва тахсил), моддаи 185 (Ташкили тахсили муттасили каобии корманд), моддаи 186, моддаи 187 (Имтиёзхо барои тадабагони маълумоти умумй), моддаи -188 (Имтиёзхо    барои    талабагони    Омӯзишгоххои маълумоти умуми касби) ба таври возехтар ва мушаххастар сабт шудааст.

9) принсипи таъмини ҳуқуқи кормандон ва корфармоён ба мутахидшавй баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатхои хеш;

Тибқи муқаррароти моддаи 28 Конститутсияи ҶТ ва  Конвенсияи (Созишномаи) СБМ №87 «Оид бн иттиходия ва ҳифзи ҳуқуқ ба ташкилот», шаҳрвандон дорои ҳуқуқ, ба муттаҳид гаштан, аз ҷумла ҳуқуқ ба созмон додани иттифоқҳои касаба баҳри ҳимояи манфиатхояшон мебошанд.

Тибқи муқаррароти КМ ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаю шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи иттифкхои касаба, ҳуқуқхо ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», «Дар бораи иттиходияхои ҷамъиятӣ», «Дар бораи иттиходияхои корфармоён» аз ин ҳуқуқ аз ҷумла, кормандон ва корфармоён бархурдоранд. Онҳо ме-тавонанд баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатхои худ ва аъзоёнашон дар бахши меҳнат, шарикии иҷтимоӣ иттиходияхо созмон диханд ё ба онҳо шомил гарданд.

Кормандон ба иттифоқҳои касаба ва мақомоти худфаъолиятӣ ва ҷамъиятии аз ҷониби маҷлиси умумии (конференсияи) коллективӣ меҳнатӣ созмон додашуда, корфармоён бошанд, ба иттиходияхои аз ҷониби онҳо созмон додашуда, муттаҳид мешаванд.

Информация о работе Сарсухан