Автор работы: Пользователь скрыл имя, 02 Июля 2013 в 11:31, реферат
Ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амсоли дигар соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ дорои предмети танзим, усули танзимсозӣ, принсипҳо ва сарчашмаҳои ба худ хос мебошад. Принсипҳои ҳуқуқ гуфта ақидаҳо, асосҳои пешбарандаи ҳуқуқро меноманд, ки аз ақидаҳои баробарӣ, озодиву адолат бармеоянд ва моҳияти ҳуқуқро ифода мекунанд. Баробари, озодӣ ва адолат - принсипҳои пешбарандаи ҳуқуқ буда, дар муҳимтарин санадҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам мешаванд. Чун ақидаҳои марказии ҳуқуқи фитрй онҳо пеш аз ҳама дар санадҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ дарҷ ёфта, сипас дар қонунҳои давлатҳои ҷудогона мушаххас мегарданд. Чунончи, Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои асосии баробарӣ, адолату озодии инсонро мустаҳкам кардааст, ки дар қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мушаххастар мегарданд.
Хулоса
Аз навиштахои боло якчанд хулоса бардоштан мумкин аст. Якум, принсипҳои ҳуқуқи меҳнатиро танҳо дар чорчубаи моддаи 4 КМ ҶТ, ки ба ҳуқуқхои асосии меҳнатӣ ва вазифахои кормандон бахшида шудааст, ҷой додан, ҷоиз нест. Онҳо на танҳо дар моддаи 4, балки дар дигар моддаҳои КМ ҶТ, моддаҳои дахлдори дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар худ меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатиро дарбар мегиранд, сабт ва инъикос гаштаанд. Дуюм, ба ҳуқуқхои асосии меҳнатӣ ва вазифахои кормандон айният додани принсипҳои соҳавии ҳуқуқи меҳнат ғайримакбул аст, зеро ҳар яке аз принсипҳои ҳуқуқи меҳнатӣ дар худ на танҳо ҳуқуқу вазифахои асосии кормандон, инчунин кафолатҳои ҳуқуқии онҳоро низ инъикос менамоянд9. Сеюм, принсипҳои соҳавии ҳуқуқи меҳнат, ки дар моддаҳои сершумори КМ сабту инъикос ёфтаанд, тамоми субъектҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, аз ҷумла кормандон, корфармоён ва мақомоти намояндагии онҳо, мақомоти баррасикунандаи бахсхои меҳнатӣ ва ғайра субъектҳоро фаро мегиранд.10
Пас, принсипҳои соҳавии ҳуқуқи меҳнатӣ гуфта, ғояҳо асосҳои умдаи дар санадҳои меъёрии ҳуқуқи муқарраршударо меноманд, ки моҳияти меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, хусусиятҳои хоси танзими муносибатҳои ҷамъиятии меҳнатии кормандони кироя ва ҳаммоликони коркунандаро дар шароити амали бозори қувваи корӣ муайян месозанд.
Рӯйхати адабиётҳо:
1 Ниг : Теория государства и
права. Курс лекций/ Под ред. Н.И.Матузова,
А.В.Малько. М.Д002.-С.151; Теория государства
и npaвa/Под ред. В.Г.Стрекозова.-М., 1997.-С.215;
Теория государст-1. и права. Курс лекций/Под
ред.М.Н.Марченко.-М.1996.-
2 Ниг:Алексеев С.С. Проблемы теории права.Свердловск, 1979.Т.1.-С.102-103; Сотиволдиев Р.Ш.Назарияи умумии хукук ва давлат. Китоби дарсй барои донишчуени факултаи хукукшиносй.-
Душанбе, 2003.-С.117-118; Сыроватская Л.А. Трудовое право:Учебник. - 2-е изд., перераб. и доп.- С. 45-46.
3 Ниг.: Советское трудовое право. Учебник /Под ред. Н.Г.Александрова. 1972.- С.69.
4 Ниг.: Советское трудовое право. Учебник /Под ред. B.C. Андреева и В.Н.Толкуновои. -М., 1988.-С.45-46.
5 Ниг.: Сыроватская Л.А. Трудовое право: Учебник, - 2-е изд., пе-рераб. и доп. -С.50. 65
6 Ниг.: Л.А.Сыроватская. Трудовое право. Учебник. -2-е изд., пере-раб. и доп. - С.51-64.
7 Ниг.: Трудовое право России: Учебник /Под ред. А.М.Куренного. -С.75-83.
8 Ниг.: Права человека: Сборник международных документов -М.: Юрид.лит., 1998. - С.200.
9 Ниг.: Гусов К.Н., Толкунова В.Н. Трудовое право РоовИМ Уч б ник. -С.63.
10 Ниг:Трудовое право: Учебник /Под ред. О.В.Смирнова М . 2003 С.27; Трудовое право России: Учебник/Под ред. А. К. Kypенного С.75.