Сарсухан

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 02 Июля 2013 в 11:31, реферат

Описание

Ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амсоли дигар соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ дорои предмети танзим, усули танзимсозӣ, принсипҳо ва сарчашмаҳои ба худ хос мебошад. Принсипҳои ҳуқуқ гуфта ақидаҳо, асосҳои пешбарандаи ҳуқуқро меноманд, ки аз ақидаҳои баробарӣ, озодиву адолат бармеоянд ва моҳияти ҳуқуқро ифода мекунанд. Баробари, озодӣ ва адолат - принсипҳои пешбарандаи ҳуқуқ буда, дар муҳимтарин санадҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам мешаванд. Чун ақидаҳои марказии ҳуқуқи фитрй онҳо пеш аз ҳама дар санадҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ дарҷ ёфта, сипас дар қонунҳои давлатҳои ҷудогона мушаххас мегарданд. Чунончи, Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои асосии баробарӣ, адолату озодии инсонро мустаҳкам кардааст, ки дар қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мушаххастар мегарданд.

Работа состоит из  1 файл

Принсипи мехнат бо ислохот.doc

— 225.50 Кб (Скачать документ)

10) принсипи таъмини ҳуқуқи командон ҷиҳати иштирок дар идоракунии ташкилот;

Принсипи мазкур ба тавсияи СБМ №94 «Оид ба ҳамкорӣ дар сатҳи корхона» (1952) асос ёфта, дар КМ ҶТ, ки ҳуқуқи кормандонро ҷиҳати иштирок дар идора намудани ташкилот муқарр намудааст, таквият ва тавсия меёбад. Принсипи таъмини ҳуқуқи кормандон ҷиҳати иштирок дар идоракунии ташкилот дар боби 2 (Коллективи меҳнатӣ, намояндагии манфиатхои кормандон), боби 3 (Шартномаҳо ва созишномахои коллективи), КМ ҶТ ва меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, шартнома ва созишномахои коллективи» ба таври возех ва мукаммал ифода ёфтааст.

11) принсипи мувофиқати танзими давлатӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бо онҳо алоқаманди ҷамъиятӣ;

Танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ бо истифода аз ду услуб сурат мегирад. Яке танзими давлатӣ ва дигаре танзими шартномавӣ. Услуби шартномавии танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар навбати худ ба ду намуд ҷудо мешавад: коллективӣ-шартномавӣ ва фардӣ-шартномавӣ.

Агар танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ бо истифода аз санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти қонунгузор, мақомоти марказй ва маҳаллии идоракунии давлатӣ қабулшуда ба амал бароварда шавад, танзими шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси созишнома, шартномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ амалӣ мегардад.

Ҳадафи танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ муқаррар намудани сатҳи ҳадди ақали ҳуқуқхо ва кафолатҳои меҳнатӣ барои кормандон аст, дар ҳоле, ки вазифаи танзими шартномавиро тафсилу мушаххасгардонии ҳуқуқу кафолатҳои барои кормандон муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва аз ҳама муҳимтар, муқаррар намудани ҳуқуқу кафолатҳои наву иловагии меҳнатӣ ташкил медиҳад.

Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатиро дар муқаррароту меъёрҳои моддаҳои дахлдори КМ ҶТ дарёфтан мумкин аст, чунончи: қисмати 3 моддаи 31; қисмати 5 моддаи 32; қисмати 1 моддаи 37; қисмати 2 моддаи 40; қисмати 2 моддаи 41; қисмати 3 моддаи 47; қисмати 2 моддаи 48; моддаи 65; қисмати 2 моддаи 68; қисмати 3 моддаи 69; қисмати 1 моддаи 47; қисмати 2 моддаи 91; қисмати 2 моддаи 97; банди 4 қисмати 2 моддаи 99; қисмати 1 ва 2 моддаи 101; моддаи 105; қисмати 3 моддаи 106; қисмати 2 моддаи 107; қисмати 1 моддаи 108 моддаи 111; моддаи 117; қисмати 2 моддаи 126; банди 8 қисмати 2 моддаи 136; қисмати 3 моддаи 216.

Ду шарту талаботи ногузир ва доимй ҷой доранд, ки риояи бечунучарои онҳо ҳангоми дар созишномахо, шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣ сабт намудани муқаррарот дар хусуси ҳуқуқу кафолатҳои иловагй барои кормандон хатмист. Якум, мувофиқати пурраи онҳо ба муқаррарот ва меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии кувваи авлотари ҳуқуқидошта ва дуюм, тавассути шарту муқаррароти навину иловагии созишномхо, шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣ бехтар намудани вазъи кормандон дар қиёс ба муқаррароти санадҳои кувваи авлотари ҳуқуқидошта.

Дар сурати риоя нашудани ин ду талабот, шартҳо ва муқаррароти созишнома, шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣ беэътибор дониста меншаванд.

12) принсипи шарикии  (ҳамкории) иҷтимоӣ; Ин принсип дар меъёрҳои боби 2 (Коллективӣ меҳнатӣ, намояндагии манфиатхои кормандон), боби 3 (Шартномаҳо ва созишномахои коллективӣ) КМ ҶТ ва меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, шартнома ва созишномахои коллективӣ» ба таври возех ва мукаммал ифода ёфтааст.

13) принсипи талофии  зиёни ба корманд дар иртибот ба иҷрои вазифахои меҳнатӣ расонидашуда;

Моҳият ва мазмуни принсипи зикрёфта, ки аз муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бармеояд, дар моддаи 156 КМ ва меъёрҳои дахлдори Крнуни ҶТ «Дар бораи мухофизати меҳнат дар ҶТ» ба таври мукаммал  тавзех дода шудааст.

14) принсипи муқаррар намудани кафолатҳои давлатии таъмини ҳуқуқхои кормандон ва корфармоён ва ба амал баровардани назорату тафтиши риояи онҳо;

Принсипи мазкур дар меъёрҳои сершумори КМ ҶТ марбут ба бастан, тагйир додан ва кать намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, вакти дамгирй, муқаррар намудан ва пардохти музди меҳнат, пардохтхои кафолатй ва ҷубронй, интизоми меҳнат, ҷавобгарии моддӣ ва маънавй барои зиёни расонидашуда, ҳифзи меҳнат, баррасии бахсхои меҳнатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ таҷассуми худро ёфтааст.

Назорати чдмъиятии  риояи қонунҳои меҳнат ва коидахои ҳифзи меҳнат ба зиммаи иттифоқҳои касаба ва ҳамчунин нозироти ҳуқуқӣ ва техникии меҳнат, макоми дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё макоми дигари намояндагии кормандон гузошта шудааст.

Мувофиқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқхо ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», иттифоқҳои касаба мувофиқи қонунҳо ва оиномахояшон аз тарафи маъмурият, молик ва мақомоти идории аз тарафи онҳо ваколатдор риоя намудани қонуни меҳнатро назорат мекунанд ва ҳуқуқ доранд бартараф намудани вайронкунихои қонуни меҳнат ва иттифоқҳои касабаро талаб намоянд. Маъмурияти ташкилот вазифадор аст, ки пешниходи онҳоро оиди бартараф намудани вайронкунихои қонуни меҳнат ва иттифоқҳои касаба баррасй намуда, дар муддати як мох аз натичаи он ба иттифоқҳои касаба хабар диханд.

Иттифоқҳои, касаба ҳуқуқ доранд бо хохиши аъзоёни худ ва дигар кормандон, инчунин бо ташаббуси худашон барои ҳимояи ҳуқуқхои меҳнатии онҳо дар суд баромад кунанд.

Ба ин мақсад иттифоқҳои касаба метавонанд идораи тафтишотй, умури ёрии ҳуқуқӣ ва дигар мақомоти зарурӣ дошта бошанд.

15) принсипи таъмини ҳуқуқӣ ҳар як шахс ба ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳо;

Ҳифзи ҳуқуқхои меҳнатии кормандон аз тарафи мақомоти назорати риояи қонунҳо оид ба меҳнат, мақомоти баррасикунандаи бахсхои меҳнати ва суд ба амал бароварда мешавад. Принсипи мазкур аз ҷониби мақомотхои давлатию ҷамъиятӣ на суд ҳифз намудани ҳуқуқхои меҳнатии кормандонро дар назар дорад. Бояд хотиррасон кард, ки новобаста аз дигар воситахои химоя, корманд ҳуқуқ ба ҳимояи судиро дорад, ки он аз муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ (моддаи 19) бармеояд. Аз ин ру, яке аз воситахои пурсамари ҳимояи ҳуқуқхои меҳнатии кормандон, ҳимояи суди маҳсуб мешавад.

Ҳифзи ҳуқуқхои меҳнатии кормандро, инчунин мақомоти назорат оид ба риояи қонунҳои меҳнат, ки дар моддаи 225 КМ ҶТ муайян шуда-анд, амалӣ менамоянд. Ҳуқуқхои меҳнатии кормандон ба ғайр аз мақомотхои давлатӣ, инчунин аз ҷониби комиссия оид ба бахсхои меҳнатии фарди, иттифоқҳои касаба ҳифз карда мешаванд.

Таъсиси комиссияхо оид  ба бахсхои меҳнатӣ, салохияти он, тартиби қабули қарор ва иҷрои он дар моддаҳои 193-196 КМ ҶТ пешбинӣ шудаанд.

16) принсипи таъмини ҳуқуқ ба баррасии бахсхои инфиродй ва коллективии меҳнатӣ, инчунин ба корпартои;

Моҳият ва мазмуни принсипи зикршуда ва кафолатҳои татбиқи ин принсип дар моддаҳои дахлдори боби 15 (Бахсхои меҳнатии фардӣ), боби 16 (Бахсхои меҳнатии коллективӣ) КМ ҶТ тафсил ёфтаанд.

17) ухдадории чонибхои  шартномаи меҳнатӣ  ҷиҳати риояи шартҳои шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла ҳуқуқи корфармо дар бобати аз корманд талаб намудани иҷрои вазифахои меҳнатӣ ва муносибати боэхтиёт ба амволи корфармо, ҳуқуқи корманд дар бобати аз корфармо талаб намудани иҷрои вазифахо, риояи қонунгузории меҳнатӣ ва дигар са-надхои дар худ таҷассумкунандаи меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ;

Корманд     ҳамчун     ҷониби     муносибатҳои меҳнатӣ ухдадор аст коидахои тартиботи дохилии меҳнатӣ, коидахои техникаи бехатарӣ ва санитарияи истехсолиро риоя намуда, амру дастурхои дар доираи ваколат додай корфарморо иҷро намояд  (моддаи 121 КМ Ч,Т), ба амволи корфармо сариштакорона муносибат намояд.   Корфармо  бошад, ҳуқуқ    дорад,    аз    корманд    иҷрои    вазифахои  меҳнатиро талаб намуда, дар сурати аз ҷониби  корманд гунахкорона иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифахои меҳнатӣ, уро ба ҷавобгарии интизомй ё моддӣ мувочех созад, ё аз кор дур намояд (моддаи 136 КМ ҶТ).

Азбаски ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корманд ва корфармо мутакобил мебошанд, корманд ҳуқуқ, дорад аз корфармо иҷрои ӯҳдадориҳо, риояи қонунгузории  меҳнатӣ ва дигар санадҳоеро, ки дар худ меъёрҳои  ҳуқуқи меҳнатиро дарбар мегиранд, талаб намояд.  Дар сурати аз ҷониби корфармо иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои Тибқи меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ бар ухдадошта, корманд ҳуқуқ дорад баҳри ҳифзи ҳуқуқхои поймолгаштааш аз тамоми тарзу воситахон муқаррарнамудаи қонун, аз ҷумла воситахои худҳифозат истифода намояд.

18) принсипи таъмини ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ҷиҳати ба амал баровардани назорату тафтиши риояи қонунгузории меҳнатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҷассумкунандаи меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ;

Назорати ҷамъиятии риояи қонунҳои меҳнат ва коидахои ҳифзи меҳнат ба зиммаи иттифоқҳои касаба ва ҳамчунин бар души нозирон ва комиссияхои макоми дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё макоми дигари намояндагии кормандон гузошта шудааст.

Назорати ҷамъиятии санитари ба зиммаи нозирони ҷамъиятии санитарии ташкилот мебошад.

Мувофиқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», иттифоқҳои касаба мутобиқи қонунҳо ва оинномахояшон аз тарафи маъмурият, молик ва мақомоти идории аз тарафи онҳо ваколатдор риоя намудани қонуни меҳнатро назорат мекунанд ва ҳуқуқ доранд бартараф намудани вайронкунихои қонуни меҳнатӣ ва иттифоқҳои касабаро талаб намоянд. Маъмурияти ташкилот вазифадор аст, ки пешниходи онҳоро оиди бартараф намудани вайронкунихои қонуни меҳнат ва иттифоқҳои касаба баррасй намуда, дар муддати як мох аз натичаи он ба иттифоқҳои касаба хабар диханд.

Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд бо xoxиши аъзоёни худ ва дигар кормандон, инчуиин бо ташаббуси     худашон     барои    ҳимояи    ҳуқуқхои меҳнатии онҳо дар суд баромад кунанд.

Ба ин мақсад иттифоқҳои касаба метавонанд идораи тафтишотй, умури ёрии ҳуқуқӣ ва дигар мақомоти зарурӣ дошта бошанд.

19) принсипи таъмини ҳуқуқи корманд ҷиҳати дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ҳифз намудани шарафи худ;

Мутаасифона ин принсипи муҳими ҳуқуқӣ дар КМ ҶТ мустакиман ҷой дода нашудааст. Вале чунин ҳолат кормандро аз ҳуқуқӣ талаб намудани ҷуброни зиёни маънавие, ки бинобар паст задани шаъну шарафи у аз ҷониби корфармо, дигар ашхоси мансабдори ташкилоте, ки корманд бо он дар муносибати меҳнатӣ қарор дорад, махрум намесозад.

Корфармо бояд ба корманд ҳама гуна зиён, аз ҷумла зиёни маънавиро ҷуброн намояд, агар КМ ҶТ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Зиёни маънавй бо пул  ё бо дигар шакл ба андозае, ки корфармо ва корманд муайян мекунад ҷуброн карда мешавад. Дар сурати ба миён омадани бахс, ин масъала аз ҷониби суд ҳаллу фасл мегардад.

Корфармо аз лихози вазъи иқтисоди назар ба корманд   нерумандтар   мебошад.   Аз   ин   лихоз қонунгузор дар қисмати якуми моддаи 128 КМ масъулияти корфарморо дар хусуси пурра ҷуброн кардани зиёни ба корманд расонида, муқаррар намудааст. Чунин коида ба шарте амал мекунад, ки агар КМ ҶТ тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

КМ ҶТ (моддаи 127) шартҳоеро муқаррар кардааст, ки асоси чавогарии моддии корфармо , корманд мебошанд.

Қисмати дуюми моддаи 127 KM ҷуброн кардани зиёни маънавиро низ пешбинӣ кардааст. Ҷуброни зарари маънавй ҳангоми аз ҷониби корфармо ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидани корманд, ғайриқонунӣ бо у катъ кардани шартно-аи (қарордоди) меҳнатӣ (моддаи 59 КМ ҶТ) ва дигар ҳолатҳои бо қонун пешбинишуда, сурат мегирад.

Зиёни маънавй маънои онро дорад, ки бо рафтори корфармо (ҷавобгар) ба корманд (чабрдида) азоби рухй ва чисмонй расонида мешавад, ки он ҳуқуқхои меҳнатии дар қонун, дигар санадҳои меъёрй пешбинишудаи кормандонро халалдор менамояд. Рафтори корфармо дар ин маврид гунахкорона ва ғайриқонунӣ буда, аз баровардани фармони ғайриқонунӣ, пахн намудани маълумотхои ба хакикат рост набуда, ки шаъни кормандонро паст мезанад ва дигар амалхои номатлуб иборат буданаш мумкин аст. Дар ин маврид ҷой доштани зиёни маънавиро корманд бояд бо овардани далелхо исбот намояд.

Бори нахуст дар сатҳи KM руёнидани зиёни маънавй дар муносибатҳои меҳнатӣ ба танзим дароварда шудааст. Дар мавриди аз ҷониби корфармо эътироф кардани зиёни маънавй, тарафхо бо розигии якдигар ҳуқуқ доранд андозаи ҷуброни онро (зиёни маънавиро) муайян намоянд. Зиёни мавънавй бо пул ё бо дигар шакл (амвол, нашри радия, узр хостан ва ғайра) ҷуброн карда шуданаш мумкин мебошад. Агар тарафхо (корманд ва корфармо) ба як хулоса наоянд, он гох такдири ҷуброни зиёни маънавиро суд ҳаллу фасл менамояд. Тартиби судии баррасии чунин бахсхоро қонунгузории мурофиавии гражданӣ муайян менамояд.

20) принсипи таъмини ҳуқуқи корманд ба суғуртаи иҷтимоӣ.

Принсипи мазкур ба таври  мушаххас дар моддаҳои 215, 216, 217 КМ ҶТ ва моддаҳои дахлдори Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ» инъикос шудааст.

Шоёни таваҷҷӯҳ аст, ки тамоми принсипҳои зикршударо на танҳо дар моддаҳои 3 (Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ), 4 (Х,укукхои асосии меҳнатӣ ва вазифахои корманд), 5 (Ҳуқуқ ва вазифахои асосии корфармо), 7 (Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ), 8 (Манъи меҳнатӣ иҷборӣ), 9 (Ҳифзи ҳуқуқхои меҳнатии кормандон), 28 (Озод будани шартномаи меҳнатӣ), 102 (Кафолати пардохти музди меҳнатӣ кормандон), 103 (Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат), 108 (Мухлатхои пардохти музди меҳнат), 121 (Тартиботи меҳнатӣ дар ташкилот. ӯҳдадориҳои корфармо ва кормандон), 126 (Ухдадории тарафхои шартномаи меҳнатӣ дар мавриди ҷуброни зиёне, ки ба тарафи дигар расонида шудааст), 128 (Зиёне, ки ба корманд ҷуброн карда мешавад), 129 (Ухдадории корфармо дар мавриди ҷуброни зиёне, ки ба корманд дар натичаи ғайриқонунӣ аз имконияти меҳнат кардан махрум намудани у расонидааст), 130 (Ҷавобгарии моддии корфармо барои зиёне, ки ба амволи корманд расонидааст); 132 (Ҷавобгарии моддии корманд барои зиёне, ки ба корфармо расонидааст), бобхои 11 (Ҳифзи меҳнат), 12 (Кафолатҳои иловагй барои занон ва ашхосс, ки вазифахои оилавй доранд), 14 (Имтиёзхо барои кормандоне, ки дар баробари кор тахсил мекунаид), 15 (Бахсхои меҳнатии фардӣ), 16 (Бахсхои меҳнатӣ коллективӣ), 17 (Суғуртаи иҷтимоӣ), 18 (Назорати риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат), инчунин дар дигар санадҳои фарогирандаи меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ дарёфт намудан мумкин аст.

Информация о работе Сарсухан